Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бештар шудаанд


Бо афзудани теъдоди муҳоҷирони корӣ, шумораи корафтодагон дар назди намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия меафзояд.

Бо афзудани теъдоди муҳоҷирони корӣ, шумораи корафтодагон дар назди намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия меафзояд.

Оморҳои расмӣ баёнгари он аст, ки муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия сол ба сол бештар мешавад.

Бино ба омори расмӣ, тайи ду моҳи гузашта, Тоҷикистонро тақрибан 153 ҳазор нафар тарк кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 30 ҳазор нафар (баробар бо тамоми аҳолии Рашт) ва ё 24 дар сад бештар аст. Табиист, ки афзоиши муҳоҷират, маҷрои пул аз ҳисоби “мардуми коргар” ба Тоҷикистонро бештар мекунад ва бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, моҳи феврал ва март, ба кишвар 180 миллион доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ду моҳи соли 2012 нӯҳ дар сад зиёд аст. Он замон ба Тоҷикистон аз хориҷ 165 миллион доллар ворид шудааст.

Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи пуле, ки аз хориҷ ба бонкҳо ворид мешаванд, дастранҷи муҳоҷирони корӣ нест, вале эътироф мекунанд, ки саҳми онҳо бештар аз пули содироту тиҷорати кишвар ҳаст. Омори расмӣ баёнгари он аст, ки тайи чаҳор соли ахир муҳоҷирати корӣ ҳамчунон аз Тоҷикистон зиёд мешавад. Ба унвони мисол дар ҷадвали оморие, ки дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон таҳия кардааст, дида мешавад, ки дар се моҳи соли 2010, кишварро 80 ҳазор нафар тарк карда буданд, ки тақрибан як баробар кам аз теъдоди ду моҳи ахир аст.


Аммо онҳое, ки дар ин ду моҳи гузашта ба Русия рафтаанд, аз муҳоҷироне ҳастанд, ки зоҳиран парвои сармои Русия надоранд, вале бо гармтар шудани ҳаво ва расидани тобистон, лашкари муҳоҷироне, ки роҳи Русияро пеш мегиранд боз ҳам хоҳад афзуд. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ дар Русия бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд ва соли гузашта барои ҳамсару фарзанду модару хоҳару бародари худ бештар аз 3 миллиард доллар фиристодаанд.


Зимнан масъалаи муҳоҷират як мавзӯъи баҳсе дар нишасте дар шаҳри Душанбе буд. Дар конфронси байналмилалие дар бораи роҳкардҳои нави ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Тоҷикистону Русия, Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ки аз мақомоти Русия хостаанд, садҳо ҳазор тоҷикистоние, ки барои қонуншиканиҳои маъмурӣ, масалан кор ва ё иқомати ғайриқонунӣ, аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шудаанд, иҷоза бидиҳад, ки ба онҷо ворид шаванд.

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Анвар Бобоев навиштааст, ки то кунун Русия тақрибан 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳаққи вуруд ба қаламраваш маҳрум кардааст. Анвар Бобоев ҳамзамон расонаҳои Русияро интиқод кардааст, ки дар ҳаққи муҳоҷирони кории тоҷик бадгӯӣ мекунанд ва аз ҷумла онҳоро “ба терроризму, ифротгароиву, қочоқи маводи мухаддир” иртибот медиҳанд. Тоҷикистон ягона кишвари ҷаҳон аст, ки пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ тақрибан нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро ташкил медиҳад. Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли 2012 тақрибан 7 миллиард долларро ташкил медод ва дар он сол муҳоҷирон ба кишвар бештар аз 3 миллиард доллар фиристодаанд.


Аммо ин пулҳо ба осонӣ ба даст намеоянд ва муҳоҷирон маҷбуранд, шароити тоқатфарсо ва дур аз зану фарзанду волидайн кор кунанд. Дар воқеъ аз миёни садҳо ҳазор нафаре, ки ҳар сол ба Русия ба кор мераванд, садҳо нафари онҳо дур аз ватан ё аз дасти миллатгароёни рус кушта мешаванд ва ё бар асари бемориву тасодуфҳо ҷон медиҳанд. Дар маҷмӯъ дар муддати се соли гузашта ба Тоҷикистон аз 2817 ҷасад овардаанд, ки тамоюле, ки дар баробари муҳоҷират ҳам рӯ ба афзоиш овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG