Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров ба тадбирҳои бештари амниятӣ даъват кард


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар пайи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд дар Тошканд ба хабарнигорон гуфт, қабл аз хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон то поёни соли 2014 бояд “тадобири амниятии муқаддамотӣ” андешида шаванд. Лавров гуфт, ин тадобир “моро аз фишори бештари таҳдидҳои марбут ба терроризму қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бармеоянд, халос мекунад.”
Лавров афзуд, ин масъала бояд аз сӯи кишварҳои СНГ ва аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ шавад. Вазири хориҷаи Русия мавзӯъи дурнамои вазъи амниятии Осиёи Марказиро дар дидор бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов низ дар миён гузоштааст. СНГ моҳи декабри соли 1991 дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.
XS
SM
MD
LG