Пайвандҳои дастрасӣ

Қудратҳои ҷаҳонӣ аз Эрон посухи рӯшан мехоҳанд


Як дипломати ғарбӣ бидуни бурдани ном гуфтааст, Эрон бояд боз ҳам ба пешниҳоди қудратҳои ҷаҳонӣ барои баҳси тӯлонии барномаи ҳастаияш «посухи рӯшану мушаххас» диҳад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа дар Алма-Атои Қазоқистон давраи нави музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1, ки Амрикову Русия, Чину Фаронса ва Бритониёву Олмонро фаро мегирад, шурӯъ шуд. Дар ду соли охир ин даври панҷуми музокирот бо Эрон аст. 5+1 моҳи феврал ба Эрон дар ивази тавқифи ғанисозии уран коҳиши бархе таҳримоти иқтисодиро пешниҳод кард. Қабл аз шурӯъи музокирот раҳбари ҳайъати Эрон Саид Ҷалилӣ гуфт, эътирофи ҳаққи Теҳрон ба ғанисозии уран метавонист имкони пешрафт дар ин баҳсро муҳайё кунад. Имрӯз Алӣ Боғирӣ - муовини раҳбари ҳайъати Эрон дар Алма-Ато пешниҳодҳои Теҳронро ироа кард, вале ҷузъиёт надод.
XS
SM
MD
LG