Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Алишер Аҳмадов медали тиллои қаҳрамонӣ супурда мешавад


Алишер Аҳмадов

Алишер Аҳмадов

Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии таэквон-до (ITF) эътирози ҷониби Тоҷикистонро қаноатманд кард ва Алишер Аҳмадовро дар қувваозмоии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон бо варзишгари Русия Тоҳир Мамедов ғолиб эътироф намуд.

Дар ин бора ба радиои "Озодӣ" Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон, хабар дод.

Вай афзуд: “Моҳи августи соли гузашта дар пойтахти Эстония – Таллинн мусобиқаи X қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) миёни наврасон баргузор шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 57 кг миёни Алишер Аҳмадов ва Тоҳир Мамедови русиягӣ бо хатои довар варзишгари мо аз медали тилло маҳрум гашт. Мо ба Федератсияи байналмилалии таэквон-до (ITF) расман эътироз намудем. Ва, инак, баъди беш аз ним сол кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии таэквон-до (ITF) эътирози моро бо сабти навори ин рақобат баррасӣ намуда, эътироф кард, ки довари марказӣ дар дақиқаи охирини қувваозмоии ниҳоӣ ба хато роҳ додааст. Бинобар ин, кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии таэквон-до (ITF) аз Федератсияи миллии таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон расман бахшиш пурсид, инчунин, хабар дод, ки медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2012 ба Алишер Аҳмадов моҳи июли соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар София (Булғористон) супурда мешавад.”

Алишер Аҳмадов, варзишгари маъруфи тоҷик, ба радиои "Озодӣ" гуфт, “баъди анҷоми қувваозмоии ниҳоӣ дар табло ҳисоб 2:1 ба фоидаи ман буд. Ман аз ин ғалаба хеле хушҳол будам, зеро унвони қаҳрамони ҷаҳон насибам мешуд. Рақибам ба бохти худ тан дод ва кулоҳашро рӯи татами ҳаво дод. Вале сардовари қувваозмоӣ бе ҳеҷ гуна асос ба ман огоҳӣ дод. Ин ҳам бошад, баъди хотимаи қувваозмоӣ. Дар натиҷа як имтиёзи маро бекор карданд. Ҳисоб ба нафъи варзишгари русиягӣ тағйир ёфт ва ӯро ғолиб донистанд. Мо эътироз додем. Муҳокима хеле тӯл кашид, вале тасмими довар дигар нашуд. Вале мо бо ин қаноатманд нашудем. Баъди бозгашт ба Душанбе ба Федератсияи байналмилалии таэквон-до (ITF) дубора эътироз навиштем ва сабти навори қувваозмоиро пешниҳод кардем. Ва бо гузашти вақти зиёд ҳақ ба ҳақдор расид, ки аз ин хушҳолем.”

Бояд гуфт, ки Алишер Аҳмадов – қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) миёни навҷавонон дар Братислава (Словакия), қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ) миёни ҷавонон дар Таллинн, қаҳрамони чоркаратаи Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) дар Душанбе бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон порсол ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дохил шудааст.
XS
SM
MD
LG