Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви консертҳои Нофлер ба нишони эътироз


Марк Нофлер
Марк Нофлер
Марк Нофлер- ситораи роки Бритониё ва асосгузори гурӯҳи “Dire Straits” - ба нишони эътироз ба саркӯбии гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ду консерташ дар Русияро лағв кардааст. Моҳи гузашта мақомоти додситонӣ ва андози Русия дафтарҳои Human Rights Watch, Афви байналмилалӣ, Мемориал ва созмонҳои дигари ғайридавлатиро кофтукоб карданд. Мунтақидон инро талоши давлати Владимир Путин барои бастани садоҳои мунтақид меноманд. Нофлер соли гузашта дар қатори Мадонна аз ҳукми зиндони овозхонҳои Pussy Riot низ интиқод карда буд.
XS
SM
MD
LG