Пайвандҳои дастрасӣ

913 қурбонии қатлҳои номусӣ дар Покистон


Куммиссиюни ҳуқуқи башари Покистон гуфт, танҳо дар соли 2012 дар ин кишвар 913 зану духтар, бо шумули 99 ноболиғ, бар асари қатлҳои ба ном номусӣ кушта шуданд. Ин ниҳоди мустақил мегӯяд, аз инҳо 604 нафар бо гумони иртиботи номашрӯъ бо мардон қатл шуда, ҳудуди 191 духтар ба ин далел, ки бо ихтиёри худ шавҳар карда, алайҳи хости хонаводаашон рафтаанд, ҷон бохтаанд. Гузориш мегӯяд, қатлҳои номусӣ танҳо маҳдуди ҷомиаҳои мусалмон нест, балки 7 ҳинду ва 6 зани масеҳӣ низ дар як соли охир қурбони қатлҳои номусӣ шудаанд. Гуфта мешавад, аксари ин занону духтаронро хешовандони наздики худи онҳо куштаанд. Ба ҳисоби ин созмон, соли 2012 дар Покистон бар асари хушунатҳои қавмиву мазҳабӣ ва сиёсӣ ҳудуди 8000 нафар қурбон шудаанд.
XS
SM
MD
LG