Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Пхенян аз сафорати Русия


Кореяи шимолӣ ба сафорати Русия кӯчондани ходимонаш ба маҳзи танишҳои афзоянда дар нимқораи Кореяро пешниҳод кардааст. Сухангӯи сафорати Русия дар Пхенян Денис Самсонов гуфт, Русия чунин пешниҳод гирифт, вале нақшаи кӯчонданро ҳанӯз надорад. Субҳи ҷумъа хабаргузории Кореяи ҷанубӣ - Yonhap гуфт, Сеул дар соҳилҳои шарқиву ғарбиаш ду киштии ҷангии мусаллаҳ бо шабакаиҳои дифоъи мушакиро мустақар кардааст. Пхенян дирӯз зоҳиран дастикам як мушаки худро ба соҳилҳои шарқиаш интиқол дод. Лаҳни Пхенян торафт тундтар шуда, ҳафтае пеш ҳатто эълон кард, ки бо Кореяи ҷанубӣ дар “вазъияти ҷангӣ” қарор дорад ва мушакҳояшро ба самти пойгоҳҳои Амрико гардондааст. Амрико гуфт, дар посух дар Гуам шабакаҳои дифоъи зиддимушакӣ мегузорад.
XS
SM
MD
LG