Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳодҳои Эрон дар музокироти ҳастаӣ


Алӣ Боғирӣ

Алӣ Боғирӣ

Алӣ Боғирӣ - муовини раҳбари ҳайъати Эрон дар даври нави музокироти барномаи зиддунақизи ҳастаияш бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар Алма-Атои Қазоқистон пешниҳодҳои худро ироа кард. Дар ду соли охир ин даври панҷуми музокироти гурӯҳи мавсум ба 5+1, бо шумули Амрикову Русия, Чину Фаронса ва Бритониёву Олмон бо Эрон аст. Қабл аз шурӯъи музокирот раҳбари ҳайъати Эрон Саид Ҷалилӣ гуфт, эътирофи ҳаққи Теҳрон ба ғанисозии уран метавонист имкони пешрафт дар ин баҳсро муҳайё кунад. Сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ умедвори посухи Эрон ба пешниҳодҳоеянд, ки дар нишасти моҳи феврал дода шуд. 5+1 ба Эрон дар ивази тавқифи ғанисозӣ, ки метавонад барои сохтани силоҳи ҳастаӣ ҳам истифода шавад, коҳиши бархе таҳримоти иқтисодиро пешниҳод кардааст. Эрон ҳар навъ аҳдофи низомӣ доштани барномаи ҳастаияшро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG