Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вазирони хориҷаи СНГ дар Тошканд


Имрӯз дар Тошканд нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд(СНГ) доир шуд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ин иҷлоси Шӯрои вазирони хориҷа рзи ҳамоҳанг сохтани сиёсатҳои хориҷӣ, барномаҳои таълимӣ, ҳамкорӣ алайҳи ҷиноёти марбут ба фанновариҳои иттилоотӣ ва тарҳи қатънома роҷеъ ба густариши сайёҳат байни кишварҳо тамаркуз мекунад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар нишасти Тошканд ширкат дорад. СНГ моҳи декабри соли 1991 дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт. Феълан 9 кишвар узви комили СНГ буда, Туркманистону Украина узви нокомили онанд.
XS
SM
MD
LG