Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ярмаркаи ҷои кор барои муҳоҷирон дар Маскав


Департаменти шуғли аҳолии шаҳри Маскав 10 апрели соли равон ярмаркаи ҷои кор барои шаҳрвандони хориҷиро баргузор мекунад. Тавре дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 5 апрел гуфт, дар ин ярмарка ба корҷӯён вазифаҳои гуногун, аз ҷумла пешхизмат, фаррош, хизматгузори меҳмонхона ва дар бахши сохтмон андовагар, гаҷкор, дуредгар пешниҳод мешавад. Ба таъкиди манбаъ, дар ин ярмарка асосан ширкатҳои сохтмонӣ, тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳри Маскав ба ҳайси пешниҳодкунандаи ҷои кор ширкат меварзанд. Ярмарка дар кӯчаи Автозаводскаяи шаҳри Маскав сурат мегирад. Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, шаҳрвандони тоҷике, ки дар шаҳри Маскав дар суроғи ҷои кор ҳастанд, метавонанд дар ин ярмарка ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG