Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният ҳамлаи Фароҳро маҳкум кард


Девори додгоҳи Фароҳ баъди ҳамлаи Толибон
Девори додгоҳи Фароҳ баъди ҳамлаи Толибон
Шӯрои Амнияти СММ ҳамлаи хунини Толибон дар вилояти Фароҳ, дар ғарби Афғонистонро, ки 44 кушта ба ҷо гузошт, «бо шадидтарин лаҳн» маҳкум кард. Чирикиҳои толиб рӯзи 3 апрел либоси сарбозӣ дар тан бо ҳадафи раҳо кардани толибҳои маҳбус ба додгоҳ ва идороти давлатӣ дар Фароҳ ҳамла карданд. Шӯрои Амният гуфт, “ҷиддан нигарон”-и таҳдиди Толибону Ал-Қоида ва гурӯҳҳои дигари чирикӣ ба мардуми мулкӣ ва нирӯҳои маҳалливу байналмилалӣ дар Афғонистон боқӣ мемонад.
Шаби панҷшанбе бар асари суқути ҳавопаймои амрикоии F-16 дар шарқи Афғонистон як халабони амрикоӣ ҳалок шуд. Қаблан дар як ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои таҳти фармони Амрико иштибоҳан 4 пулис ва ду бародар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG