Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи дзюдо ба хотираи Саидмуъмин Раҳимов дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 6-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушода оид ба дзюдо ба хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ин мусобиқа, ки дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон барпо мегардад, дар вазни мутлақ сурат мегирад. Барои ширкат дар мусобиқа ба ҷуз паҳлавонони тоҷик, гуштигирони Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Узбакистон ва Эрон даъват шудаанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 50 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст: барои ҷойи аввал – 5 ҳазор доллар, барои ҷойи дувум 2 ҳазор ва барои ҷойҳои севум – 1,5 ҳазор долларӣ.

Ҳамчунин, ба ин мусобиқа ба ҳайси меҳмонони фахрӣ гуштигирони маъруф, ба мисли Арамбий Хапаев - қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон оид ба самбо, Михаил Тихомиров, Владимир Яприсов ва Армен Багдасаров даъват шудаанд.


Маълумотномаи “Озодӣ”: Саидмуъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шудааст. Номбурда, ҳамчунин, қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) ва ғолиби Спартакидаи халқҳои СССР (1975) мебошад.

Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Саидмуъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст.


Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт ва то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов 13-уми феврали соли 2009 бар асари сактаи дил дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG