Пайвандҳои дастрасӣ

Таътил дар кори маҷтамаъи муштараки ду Корея


Маҷтамаъи муштараки Каэсонг

Маҷтамаъи муштараки Каэсонг

Хабаргузории Кореяи ҷанубӣ - Yonhap гуфт, 53 000 коргар аз Кореяи шимолӣ, ки дар як маҷтамаъи саноатии муштараки ду Корея дар наздикии марз бо Кореяи ҷанубӣ кор мекарданд, рӯзи ҷумъа ба кор ҳозир нашуданд. Yonhap аз қавли вазорати ҳамгироии Кореяи ҷанубӣ хабар дод, ки фаъолияти корхона ба далели таҷлили Рӯзи ниҳолшинонӣ дар Кореяи шимолӣ қатъ шудааст. Пхенян имсол бори аввал ин рӯзро таътил эълон кард. Пхенян равуо аз Кореяи ҷанубӣ ба корхонаи “Каэсонг”-ро аз рӯзи чоршанбе қатъ кард. Танишҳо дар нимқораи Корея меафзояд ва Амрикову Кореяи ҷанубӣ дар посух ба таҳдидҳои Пхенян, аз ҷумла ба зарбаи ҳастаӣ тадобири дифоъиро таҳким медиҳанд.
XS
SM
MD
LG