Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попов обрӯи сафорати Русияро ба гарав гузошт


Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел дар як нишаст дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки ширкатҳои кишвараш аз сармоягузории тарҳҳо дар Тоҷикистон хавф доранд. Вай афзуд, сабаби хавфи сармоягузорони рус вазъи номаълуми пас аз соли 2014 дар Афғонистон аст, ки баробари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ эҳтимолан ноамн шавад. Аммо сафир гуфт, тамоми обрӯи сафораташ дар Тоҷикистонро ба гарав мемонад, то замонат диҳад, ки барои сармояи рус дар Тоҷикистон, ҳатто дар ҳоли ноамн шудани Афғонистон, хавфе ба миён нахоҳад омад.

Бино ба иттилои ӯ, бо он вуҷуд ки Русия бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон аст, танҳо ширкатҳои бузург, аз қабили Газпром, Интер РАО ЕС, Русгидро, Мегафон ва Билайн сармоя мегузоранд, аммо ширкатҳои дигар, ки метавонанд дар соҳаҳои гуногун сармоягузорӣ кунанд, ба далоили ояндаи норӯшан аз ворид кардани сармоя худдорӣ меварзанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон ин суханонро зимни иштирок дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Бархӯрдҳои нав ба ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон» дар Душанбе изҳор дошт. Ин конфронс бо ибтикори Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Авруосиё», як ниҳоди ғайридавлатии Русия, ташкил шудааст. Дар он 300 нафар аз мақомот ва коршиносони Тоҷикистону Русия ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG