Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дунболи фаъол шудани гӯшаҳои фарҳангии Амрико ва Чин, ҳафтае қабл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ низ ифтитоҳ ёфт.

Масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯянд, гӯшаҳои фарҳангии Амрикову Олмон ва Чину Арабистони Саудӣ ба ҳадафи муаррифии фарҳанги мардумони худ, таъсис дода шуда, бештар аз ин гӯшаҳо донишҷӯёну хонандагони мактабҳо истифода мекунанд.

Манзура Яҳёева, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳи гӯшаҳои фарҳангии ин ё он кишвар дар Тоҷикистонро нахуст ба ҳамкориҳои фарҳангии байни онҳо ва Тоҷикистон рабт дод. Вай гуфт, ҳар яке аз ин гӯшаҳои фарҳангӣ бо хусусиятҳои худро дорад ва хоҳишмандон низ бино ба таъбу завқи худ аз ин гушаҳо истифода мекунанд.

Манзура Яҳёева

Манзура Яҳёева

Вай гӯшаи фарҳангии амрикоиро муваффақтар номид. Дар ин ҷо натанҳо барномаи омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, балки дарсҳои кушод махсус бо забони англисӣ, истифода аз китобҳо ва ҳамчунин суҳбатҳои озод миёни устодони англисзабону хоҳишмандон анҷом мешавад, ки ин шеваи роҳандозии барномаи гӯшаи амрикоӣ аз гӯшаҳои дигар фарқ дорад:

“Дар гӯшаи олмонӣ бошад, танҳо тавассути китобу журналҳояшон маълумот дар бораи кишвари худ пешниҳод мекунанд, толори чинӣ ҳоло, ки нав кушода шудааст, бо Китобхонаи миллӣ созишнома имзо накардааст ва барномаҳояш ҳанӯз дақиқ нашудаанд ва дурнамои барномаи онҳо чандон мушаххас нест. Аммо гӯшаи Саудӣ, ки нав ифтитоҳ шуду фаъолияташ акнун оғоз мешавад, барномаҳои худро барои хоҳишмандон дар самтҳои ошноӣ бо фарҳанги ин кишвар, пешниҳоди китобҳои зиёди арабӣ барои донандагони ин забон ва тавассути интернет пайдо кардани маълумоти пештар аз кишварҳои арабро рӯи даст гирифтааст.”

Нурмуҳамад Абдуҳомидов, ки аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аз ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ истиқбол кард. Вай гуфт, донишгоҳро бо ихтисоси шарқшинос хатм кардааст ва мехоҳад барои такмили дониши забони арабӣ аз ин гӯша истифода кунад. Нурмуҳамад меафзояд, дар ин ҷо ҳамчунин метавонад беҳтарин китобҳоро бо забони арабӣ дастрас намояд: “Дар ҳоли ман намедонам инҷо кадом китобҳо ҳастанд, вале фикр мекунам вақте гӯшаи Cаудӣ фаъол мешавад, пайдо кардани баъзе маводе ки барои мо лозим мешавад, аз ин ҷо пайдо кунем. Хеле шодам. Ман забонҳои дигарро низ меомӯзам, мисли забони англисӣ. Аммо бо адабиёти кишварҳои араб низ ошно шудан хубтар аст.”

Гӯшаи Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Гӯшаи Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Бархе аз ҷавонони дигар мегӯянд таъсиси чунин марказҳо барояшон беҳтарин имконияти сафар ба хориҷа ва омӯзиши забонҳоро фароҳам мекунад. Амриддин, яке аз хоҳишмандони омӯзиши забони арабист, ки бо ӯ дар гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ ҳамсуҳбат шудем. Вай мегуяд, забони арабиро балад аст, аммо мехоҳад, бештар омӯзад ва таъриху фарҳаги кишварҳои арабро аз худ кунад. Аммо Амриддин бар ин аст, ки гушаи Саудӣ наметавонад дар баробари гушаи амрикоӣ масъалаи омузиши забон муваффақ шавад:

“Дар ҳоли ҳозир танҳо омӯзиши забони англисӣ миёни ҷавонон зиёдтар аст, чун ин забон дар тамоми кишварҳои дунё истифода мешавад ва яке аз шартҳои асосии қабули ҷавонон ба кор ҳам донистани ҳамин забон аст. Акнун гӯем, ки якбора ҷавонон бо боз шудани ин гушаи Саудӣ ба омӯзиши забони арабӣ ҷалб мешаванду омӯзиши ин забон рақобатро миёни дигар забонҳоро шадид мекунад, чунин нест. Вале фикр мекунам хоҳишмандони забони арабӣ зиёд ҳам набошанд, аммо хоҳишмандони осори шоирони кишварҳои араб кам нестанд.”

Ин ҷо пурсише посух мехоҳад, ки оё ин гӯшаи фарҳангӣ ба таблиғи Ислом чӣ қадар саҳм хоҳад дошт ва ҷавонони мазҳабӣ аз он чӣ гуна истифода мекунанд? Дар ҳамин ҳол Неъмати Солеҳ, таҳлилгари ҷавон мегӯяд, аслан ҷавонони тоҷик барои омухтани ислом аз ин гуна гушаҳо истифода намекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, адабиёти ин гӯшаҳо танҳо аз фарҳангу тамаддуни мардуми Арабистон ҳикоят мекунанд.

«Чун барои омӯхтани ислом бояд китобҳои шаръиро мутолиа кард, ки фикр намекунам дар ин гӯшаҳо мавҷуд бошад. Аз сӯи дигар ба мавзуъи ислом дар Тоҷикистон бо эҳтиёт кор мегиранд, ки эҳтимол аст ин масъала бо ҷониби Арабистон баррасӣ шуда бошад. Баъдан, ҷавонони мазҳабии мо, ки бештар дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) ҳастанд, мазҳабҳои дигарро қабул надоранд.»

Китобҳои арабӣ.

Китобҳои арабӣ.

Аксари истифодабарандагони толору марказҳои фарҳангӣ ҷавононанд ва мегӯянд, таъсиси ин марказҳо кори онҳоро то андозае осон кардааст. Вале, зоҳиран, бисёриҳо ба ин ҷо на барои дарёфти маълумоти пешниҳодии марказҳо, балки истифода аз интернети ройгон меоянд.

Мадина, ки бештар ба гӯшаи фарҳангии амрикоӣ меравад, мегӯяд чандон хоҳиши ошноӣ бо фарҳанги ин ё он кишварро надорад, аммо барои пайдо кардани мавзуъҳои кори дипломияш аз интернет ва компютери онҷо истифода мекунад: ”Ман дарси англисӣ намехонам ё бо ягон барномаи онҳо ҳамроҳ кор намекунам. Фақат меравам аз интернет истифода мекунам. Як хел мавуъҳоямро меёбам. Шароити хуб доранд.”

Дар ҳамин ҳол Манзура Яҳёева, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ифтитоҳи гӯшаҳои фарҳангии ин он кишвар танҳо барои истифодаи интернету компютер аз тарафи ҷавонон нест. Вай гуфт, онҳо дар якҷоягӣ бо масъулони гӯшаи Саудӣ тасмим гирифтанд, ки дар компютерҳои ин марказ танҳо торнамоҳоеро боз боқӣ гузоранд, ки дар онҳо дар бораи Арабистони Саудӣ маълумот дода мешавад.

Масъулони гӯшаи Саудӣ мегуянд, ки он дар ошёнаи чаҳоруми бинои Китобхонаи миллӣ ҷой гирифта, дорои китобҳои мухталиф бо забони арабӣ, маводи фарҳангӣ ва компютерҳо мебошад. Ва онҳо оянда барои фаъолияти густурдатар аз гӯшаҳои дигар, барномаҳои зиёдеро дар назар доранд, ки пас аз роҳандозии омузиши забони арабӣ, бахшҳои гуногуни барномаашон пайи ҳам оғоз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG