Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2013 миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 6-уми апрел шурӯъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи имсола 11 даста - «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ССКА «Помир» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Энергетик» (Душанбе) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) дар ду давра рақобат мекунанд.

Бозиҳои даври аввали мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон аз 6-уми апрел то 16-уми июн баргузор мешаванд.


Даври 1-ум

6-уми апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.00

1. «Истиқлол» - «Вахш». Варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
2. «Хайр» - «Панҷшер». Варзишгоҳи “Хайр”-и Ваҳдат. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
3. «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд». Варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
4. «Парвоз» - ССКА «Помир». Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Бобоҷон Ғафуров. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

7 апрел (якшанбе)
5. «Энергетик» - «Истаравшан». Варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе. Сардовар: Рустам Холов (Душанбе).

Дастаи «Равшан», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки аз бозии даври аввал озод аст, дар даври дувуми мусобиқа рӯзи 14-уми апрел дар майдони худ бо тими “Энергетик” рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки бозиҳои имсолаи мусобиқоти лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон бо тӯби расмии футбол, ки бо фармоиши Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар Покистон истеҳсол шудааст, баргузор мешаванд. Ин тӯб ба стандарти ҷаҳонӣ, ки ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) тасдиқ намудааст, комилан ҷавобгӯ мебошад.

Пеш аз оғози мусобиқаи имсола Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳбарони бошгоҳҳои лигаи олии кишвар 5-тоӣ тӯби расмӣ тақдим кард. Дар мавриди зарурат дастаҳо минбаъд тӯбҳоро аз ФФТ харидорӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG