Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунаршиносони хориҷӣ “Парасту»-ро доварӣ мекунанд


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, дар канори шахсиятҳои фарҳангии тоҷик, се ҳунаршиноси хориҷӣ низ ба ҷашнвора - озмуни театрҳои касбии «Парасту» доварӣ хоҳанд кард.

Кенҷа Иброҳимов, раҳбари ҷашнвора - озмуни «Парасту» рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки «ба манзури арзёбии мунсифонаи ҳунари театрҳои кишвар, ки дар ҷашнвора - озмуни «Парасту» ширкат мекунанд, аз Русия, Қазоқистон ва Узбакистон ҳунаршиносонро даъват кардем, ки ба ҳайати доварон шомил шудаанд.»

Ба таъкиди ҷаноби Кенҷаев, ин иқдом ба хотири он аст, ки дар ҷамъбасти ҷашнвора ва арзёбии ҳунари театрҳо ихтилофи назар ба вуҷуд наояд. Масъулони ҷашнвораи «Парасту» мегӯянд, дар гузашта пас аз ҷамъбаст, намояндагони иддае аз театрҳо ба баҳои доварони озмун розӣ намешуданд ва онро одилона намедонистанд. Ин шуд, ки раҳбарияти вазорати фарҳанг тасмим гирифт, то ба ҳадафи рафъи ин мушкил, ҳунаршиносонро аз хориҷи кишвар даъват кунад.

Дар ҳамин ҳол ҷашнвора - театри «Парасту» субҳи рӯзи ҷумъа дар бинои Театри академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз гардид, ки ба гуфтаи масъулони вазорати фарҳанг, 14 театри кишвар намоишномаҳои худро муддати чор рӯзи оянда ба маърази тамошо мегузоранд.

Ҳамчунин ба иттилои масъулони вазорати фарҳанг, дар ҷашнвораи имсол барои бори аввал як театр аз Фаронса низ ширкат хоҳад кард. Мавзуоти асарҳои ба ҷашнвора пешниҳод шуда мухталиф буда ва чун солҳои пеш дар пешниҳоди мавзӯи асарҳо маҳдудият эҷод нашудааст.

Намоишномаҳои ҷашнвора дар театрҳои академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маяковский ва Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ҷашнвораи имсолаи «Парасту» ба гиромидошти 100-- солагии София Туйбоева, аз чеҳраҳои саршиноси театри тоҷик бахшида шудааст.

“Парасту», ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии Тоҷикистон аст, ки ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва ҳадафи он ташвиқ ва рушди театр ва ба ин васила дарёфти беҳтарин истеъдодҳои театрӣ аст. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба сабаби душвориҳои молӣ, ҷашнвораҳои "Парасту" -ро дар соли 2007 қатъ карда буд. Аммо дар соли 2011 дубора ин ҷашнвора ба ифтихори 20-- солагии истиқлоли Тоҷикистон фаъол шуд.

Барандагони ҷашнвора бо ҷоизаҳо барои се ҷой ва ҳамчунин барои беҳтарин кори таҳия, беҳтарин нақш, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна ҷоизаҳои молӣ қадр карда мешаванд. Намоишномаи «Рӯдакӣ», дар пешниҳоди ҳунармандони театри академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2011 соҳиби шоҳҷоизаи ҷашнвораи «Парасту» шуда буд.
XS
SM
MD
LG