Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То ҳоло касе расман аз азми ширкат дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дарак надодааст.

Дар маҳофил ҳадс мезананд, ки ҳама номзадҳо шояд ҳанӯз мунтазири гирифтани дуои “Роҳи сафед!” аз пойтахтҳои хориҷиянд.

Тақдири моро аз куҷо меҷунбонанд?

Як бовари роиҷ дар маҳофили кишвар то ҳол чунин аст, ки тақдири интихоботҳои Тоҷикистон маъмулан дар пойтахтҳои дигар ва асосан дар Маскав ҳалл мешавад ва бози давлат ҳатман рӯи шонаи касе хоҳад нишаст, ки "ОК"-и Русияро бигирад. Аммо таҳаввулот дар атрофи Тоҷикистон то ҳол далеле ба даст намедиҳад, ки баёнгари кадом шакл ё сурати фавқулоддаи таъсир ё мудохилаи кадоме аз бозигарони муҳими минтақа дар интихоботи моҳи ноябр бошад.

Чанд омил – аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон то шинохти камтари қудратҳои хориҷӣ аз мухолифини Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бозигарони берунаро аз мудохилаи фаъолона дар интихоботи Тоҷикистон то ҳадде манъ мекунад ва зоҳиран ихтиёри ин маърака, чун дар соли 2006, бештар дар дасти худи мақомоти Душанбе хоҳад монд.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар солҳои охир дар Осиёи Марказӣ хеле фаъолтар шудаанд, вале ҳанӯз василаҳои муассири таъсир ба равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои ин минтақаро надоранд. Ба бовари бисёриҳо, Ғарб, чун дар интихоботи соли 2006, ин бор ҳам танҳо бо даъват ба баргузории интихоботи озоду одилона дар Тоҷикистон ва интиқоди баъдии нозирони САҲА аз интихоботи моҳи ноябр, ки ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи демократӣ набуд, иктифо хоҳад кард.

Чин, ин “аждаҳои хазанда”, дар Осиёи Марказӣ машғули тақвияти нуфуз ва ҳузури иқтисодиаш буда, ба масоили сиёсии ин минтақа, назири интихоботҳо, хеле бефарқ нигоҳ мекунад.

Ҳисоби Русия бештар рӯи Раҳмон аст

Тавре ба назар мерасад, Русия, ки Тоҷикистонро то ҳол дар меҳвари худ мебинаду худро ба ин далел қозии асосӣ дар равандҳои сиёсии ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ медонад, низ майли чандоне ба дахолати беш аз ҳадд дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ нишон доданӣ нест. Ҳадди ақал то имрӯз.

Таҳлилгарони рус мегӯянд, Маскав бахусус дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон то поёни соли 2014, ки аз ҳоло нигарониҳо дар бораи бурузи дубораи гурӯҳҳои исломӣ дар ин сӯи Омӯро ба бор овардааст, ба ҳифзи як режими собит дар Душанбе манфиатдор аст. Ба ақидаи онҳо, дар Кремл дар чунин вазъ ба такя рӯи ягон номзади алтернативӣ дар интихоботи Тоҷикистон риск нахоҳанд кард.

Сергей Строкан, таҳлилгари рус.

Сергей Строкан, таҳлилгари рус.

Сергей Строкан, шореҳи нашрияи “Коммерсант”-и чопи Маскав, ба Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон барои Кремл, ба ҳар сурат, як шарики озмудашуда ва, тавре масъалаи мушкил, вале дар ниҳоят ба фоидаи Русия ҳаллшудаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-аш нишон дод, қобили муомила ҳаст ва гумон аст, ки Кремл дар интихобот алайҳи Раҳмон бозӣ кунад:

“Ҳоло як статус-кво барқарор шудааст ва ларзондани киштии Тоҷикистон дар ин шароит барои Русия чизе намедиҳад. Албатта, Раҳмон дигар барои Русия як шарики осон нест, вале ҳадди ақал фаҳмост, ки аз ӯ чиро метавон мунтазир шуд ва қоидаи бозӣ бо Раҳмон чӣ гуна аст. Кремл бояд бо нафаре, ки ба ҷои ӯ меояд, бояд ҳамаро аз нав оғоз кунад. Аз ин рӯ, фикр намекунам, ки Кремл фаъолона алайҳи Раҳмон бозӣ кунад. Вале аз тарафи дигар, Русия ҳамкориро бо мухолифини ӯ низ бештар хоҳад кард. Яъне тибқи ҳамон мақоли маъруфи русӣ, ки мегӯяд, ҳамаи тухмҳоро на дар як сабад, балки бояд дар сабаҳои гуногун андохт.”

Дар воқеъ, ба фарқ аз Рамазон Абдулатипов, ки дар тамоми тӯли сафораташ дар Душанбе аз ҳар навъ дидор ё тамос бо мухолифин парҳез мекард, сафири кунунӣ Юрий Попов ба ҳар сурат бо раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ мулоқоте дошт. Таҳлилгарон мегӯянд, ин тағйир дар шеваи сиёсатҳои Маскав аз шикастҳояш дар натиҷаи инқилобҳои “Баҳори Араб” бармеояд, ки дар аксари ҳолот мунҷар ба суқути режимҳои худкома, вале бо Маскав дӯст шуда, нирӯҳои исломгароеро ба қудрат расонд, ки Русия комилан нодидаашон мегирифт ва онҳо ҳам ба навбаи худ баъди пирӯзӣ дар интихоботҳо худро дар назди Маскав заррае қарздор намешуморанд.

Қиблаи умеди ҳам давлат ва ҳам мухолифин

Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон танҳо ҳукумати Раҳмон нест, ки дар пешорӯи интихобот рӯи “ок”-и Маскав ҳисоб мекунад. Мухолифини ӯ низ умедворанд, ки Кремл билохира ба нирӯҳои дигари фаъол дар саҳнаи Тоҷикистон рӯ хоҳад овард ва ҳадди ақал, чун дар намунаи соли 1994, ки Душанберо ба сабти номзадии Абдумалик Абдуллоҷонов маҷбур кард, инбор низ шарики стротегиашро ба мурооти бештари меъёрҳои демократӣ дар интихоботи моҳи ноябр ташвиқ хоҳад кард. Вале Русия ба фарқ аз Ғарб ҳеҷ гоҳ худро ҳамчун пуштибони масоиле, чун демократия ё ҳуқуқи башар, матраҳ накардааст, балки интихоботҳои ахираш, аз ҷумла бозгашти Владимир Путин ба давраи севуми раёсат, нишон медиҳад, ки ин кишвар худ ҳарчӣ бештар аз модели низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ нусха мебардорад.



Сергей Строкан, шореҳи “Коммерсант” мегӯяд, аз ин лиҳоз, набояд рақибони эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон зиёд умедвори ёрӣ аз Кремл шаванд: “Чунки Русия ба демократия назари худро дорад ва бар ин аст, ки равандҳои сиёсӣ дар ҳар куҷои дунё, чӣ дар Мямар, чӣ дар Чин, чӣ дар Тоҷикиситон ва чӣ дар худи Русия умури дохилии ин кишварҳост ва бояд дар дохил ҳаллуфасл шаванд, на бо дахолат аз хориҷ. Ин аст, ки ҳоло созмонҳои ғайридавлатиро дар Русия инқадар ғалбер мекунанд. Аз ин нигоҳ, фикр накунам, ки Русия ба сатҳи Артём Улунян

Артём Улунян

демократия дар интихоботи Тоҷикистон зиёд таваҷҷӯҳ кунад. Русия дар онҷо бештар манфиатдори як ҳукумати босуботест, ки ҳадди ақал шарики содиқ ва пешгӯишаванда бошад. Демократияи Тоҷикистон барои Маскав шояд як масъалаи дараҷаи даҳ бошад.”

Таҳлилгари рус Артём Улунян мегӯяд, дар ҳар сурат, Русия тағйири куллие дар сиёсаташ дар қиболи Тоҷикистон нахоҳад кард, зеро мутмаин нест, ки бо табдили қудрат дар Душанбе нирӯҳои нисбат ба Раҳмон ба Маскав содиқтар рӯи кор биоянд ва нуфузи Русия дар ин қаламрав дар натиҷаи ин тағйирот бештар шавад: “Гузашта аз ин, аз касе пинҳон нест, ки вобастагии зиёди раҳбарони кунунии Тоҷикистон аз Маскав ба онҳо маҷоли зиёде барои мустақилият намедиҳад. Ва Маскав зоҳиран бо ҳамин ҳукумат, бо ҳамон шеваи “ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар” кор хоҳад кард. Нигароние ҳам вуҷуд дорад, ки шояд дар Душанбе ин ё он номзади рӯ ба Амрико ба майдон биояд ва ҷои пойи Русия дар Тоҷикистон тангтар шавад. Аз ин рӯ, Маскав бештар ба ҳифзи Раҳмон дар қудрат манфиатдор менамояд, бахусус дар ҳоле ки Кремл васоили муайяни фишор ба ӯро дар ихтиёр дорад.”

Қартаҳои кӯҳна: муҳоҷирон, пойгоҳ, маҳаллгароӣ...

Вале Русия, ки дар соли 2008 Осетияи ҷанубиро бо ҷанг аз Гурҷистон ҷудо карда буд, соле пеш натавонист номзади мавриди назарашро ҳатто ба ин вилояти хурди комилан вобаста аз Маскав таҳмил кунад. Нафари Русия дар инҷо танҳо дар интихоботи дувум баранда шуд. Номзади Кремл дар интихоботи Приднестовйе, ки худро аз Молдова мустақил эълон кардааст ва 20 сол боз пурра аз дастурхони Маскав нон мехӯрад, низ шикаст хӯрд. Ин ду маврид ҳокист, ки дасти Маскав дар паҳнои пасошӯравӣ, ҳатто дар он гӯшаҳои ангуштшуморе, ки ҳамчунон дар меҳвараш мечарханд, дигар чандон дароз нест, ки барои мисол, дар солҳои 90 буд. Ва он васоили маъмулии фишор, чун
масъалаи инак ҳаллшудаи пойгоҳ ва ҳам қартаи 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки Маскав ҳар гоҳе барои таҳмили хостаҳояш ба Душанбе аз бағал берун мекашад, шояд барои таъсири фавқулоддае ба натоиҷи интихоботи имсолаи Тоҷикистон кифоят накунад.

Аммо Артём Улунян мегӯяд, як нуқтаи асосии заъфи Тоҷикистон, ки метавонад дар интихоботҳояш ҳам истифода шавад, аз дохили худаш бармехезад: “Дар Тоҷикистон, ки ҷудоӣ байни минтақаҳояш хеле маҳсус аст, истифодаи нирӯҳои хориҷӣ аз қартаи минтақагароӣ ба хотири таъсир ба вазъи сиёсии ин кишварро набояд истисно кард. Аз ҷумла бо пуштибонӣ аз элитаҳову кланҳои ин ё он минтақа. Ҳар минтақаи Тоҷикистон метавонад мавриди истифодаи ин нирӯҳо қарор бигирад: Чӣ Бадахшон ва чӣ Кӯлоб.”

Маҳмуд Худойбердиевро зинда мекунанд?

Зимнан Узбакистон, ки якҷо бо Русия дар расидани Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат дар поёни соли 1992 нақши аввал дошт, дар интихоботи соли 1994 ба ҳимоят аз номзадии Абдумалик Абдуллоҷонов дар қатори элитаҳои минтақавӣ аз узбактаборҳо, ки бино ба ҳисобҳо, панҷяки аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, низ истифода бурд. Аммо дар ин ду даҳаи сардии равобити хусусии Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои элитаҳову кланҳои вақти ҳокими вилояти Суғд ва водии Ҳисор, ки 19 сол пеш аз номзади мавриди назари Тошканд ҳимоят карданд, насли наве рӯи кор омадааст, ки ба даҳони Душанбе нигоҳ мекунад, на ба Тошканд. Узбактаборҳо низ дигар мисли авоили солҳои 90 нирӯи якпорчаву мунсаҷиме нестанд ва шикасти нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиев дар исёни соли 1997 дар водиҳои Вахшу Ҳисор ва ҳамлаи соли 1998 ба вилояти Суғд Тошкандро аз пуштивонаи низомии таъсир ба равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳрум кардааст.

Шоҳида Ёқуб, таҳлилгари масоили Узбакистон дар Лондон мегӯяд, дуруст аст, ки режими Каримов хеле мехоҳад ба ҷои Раҳмон дар тахти Душанбе нафаре биояд, ки бо доираи Тошканд бирақсад, вале дасташ аз дахолат ба ҳаводиси Тоҷикистон имрӯз хеле кӯтоҳ шудааст: “Албатта, номзадии Раҳмон барои Тошканд аслан мақбул нест ва Тошканд пирӯзии навбатии ӯро ба осонӣ таҳаммул нахоҳад кард. Ҳатман аз диаспораи узбакҳои муқими Тоҷикистон истифода мекунад, шояд барои тарсондани Раҳмон чанд таркиш ҳам ташкил кунанд ва ҳатто Маҳмуд Худойбердиевро аз нав зинда карда, ба майдон сар диҳанд. Вале ин қартаҳоест, ки ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмону ба зиёни рақибони ӯ тамом шуда, мардумро баръакс дар атрофи Раҳмон муттаҳидтар мекунад. Бубинед, дар ин чанд соли охир ҳукумати Каримов тамоми роҳҳоро ба кор бурд, ки айши давлати Раҳмонро талхтар кунад. Ба нирӯгоҳи Роғун чӣ қадар мухолифат нишон дод, вале муваффақ нашуд, ки Душанбе аз он даст бикашад. Ин нишон медиҳад, ки Тошканд фишангҳои фишораш ба Тоҷикистонро оҳиста-оҳиста аз даст дода истодааст.”

Аммо Эрон...

Як бозигари дигари фаъол дар таҳаввулоти солҳои 90-уми Тоҷикистон Эрон буд, ки ба маҳзи ҳимояташ аз мухолифин бо давлати Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле сард дошт. Аммо баъдҳо, бахусус дар тӯли 8 соли раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод, Теҳрон аз мухолифини тоҷик фосила гирифт ва худро бо ҳукумат наздик кард. Ба ҳадде ки дар солҳои охир Аҳмадинажод ва Раҳмон пои сӯҳбати ҳеҷ яке дигар аз ҳамтоёни худ ин қадар зиёд нанишастаанд, ки бо якдигар. Аҳмадинажод ба фарқ аз Раҳмон ҳаққи беш аз ду давраи раёсат надорад ва моҳи июн канор хоҳад рафт.

Вале хабарнигори эронӣ Алиризои Кирмонӣ, ки як сол дар Душанбе кору зиндагӣ кардааст, мегӯяд, ҳузури Ҷумҳурии исломӣ дар интихоботи Тоҷикистон зоҳиран танҳо бо мухлисии маънавӣ аз Раҳмон, ки аз дӯстони ангуштшумораш ба ҳисоб меояд, маҳдуд хоҳад шуд: “Ба ҳар ҳол, равобити давлатмардони Эрон бо давлати феълии Раҳмон бисёр хуб аст. Эрон ҳоло дар ҷойҳои дигар даргир аст – дар баҳси барномаи атомиашу таҳримҳо ва ҳам дар Сурия. Дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон ҳамин авзоъу аҳволе, ки феълан вуҷуд дорад, барои Теҳрон матлубу писандида аст ва ҳадди ақал дар марҳалаи феълӣ, аз ин ҳадд фаротар нахоҳад рафт.”

Бо ин ҳама, аробаи то ҳол аз номзадҳо комилан холии интихоботи Тоҷикистон рӯзторӯз ба ин маъракаи муҳими моҳи ноябр наздиктар мешавад. Ва таҳаввулоти чанд моҳи оянда нишон хоҳад дод, ки оё дар ниҳоят чанд номзад дар ин ароба ҷо хоҳанд гирифт ва оё кадоми онҳо мустақилона савор мешавад ва кадоме – бо кумак аз берун?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG