Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Нию Йорк Наврӯзро миллатҳои дорои наврӯз ҷашн мегиранд


Гулчеҳра Олим
Гулчеҳра Олим
14 апрел форсизабонони Амрико Наврӯзро дар шаҳри Нию Йорк ҷашн мегиранд. Ин ҷашн бо иҷозаи шаҳрдорӣ дар маркази шаҳр 3 соат давом мекунад ва хиёбонҳои марказӣ барои ҳаракати нақлиёт баста мешаванд.

Дар ин бора Гулчеҳра Олим-раҳбари тоҷикзабонони Амрико бо номи “Ватан” ба радиои Озодӣ хабар дод. Дар ҷамъияти “Ватан” тоҷикзабонони кишварҳои Шӯравии пешин муттаҳид шудаанд.

Дар раҳпаймоии ҳунарии Наврӯз, ки бо номи “Persian Parade” баргузор мешавад, намояндагони ҳамаи миллатҳои дорои Наврӯз бо дастаҳои ҳунарии худ ширкат мекунанд. Соли ҷорӣ “Persian Parade” даҳсола мешавад.

Аз ҳунармандони тоҷик 20 раққоса зери раҳбарии Малика Қаландарова, овозхони тоҷик Мағфират Ҳамроҳқулова ва дигарон ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG