Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор дод


Артиши Кореяи Шимолӣ ба Вашингтон ҳушдор додааст, ки ба артиш иҷоза додаанд, то бо истифодаи эҳтимолӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ “ҳамлаи бераҳмона”-ро оғоз кунад. Ҳушдори рӯзи панҷшанбе аз ҷумлаи охирин таҳдидҳои Пхенян ба Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ба шумор меравад.

Дар изҳороти низомии Кореяи Шимолӣ, ки онро матбуот нашр кард, гуфта мешпавад, ки ба низомиёни ин кишвар иҷоза додаанд, то ба таҷовузи Амрико “ҳамлаи муттақобилаи қаввӣ ва амалӣ” анҷом диҳанд.

Ин изҳороти Кореяи Шимолӣ баъд аз он пахш шуд, ки вазорати дифои Амрико гуфт, сипари дифои мушакии худро дар Гуам дар қаламрави Уқёнуси Ороми марбут ба Амрико ҷойгир хоҳад кард.

Рӯзи панҷшанбе вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки Шимол мушакҳои худро дар соҳилҳои шарқӣ, ки ба қаламрави Ҷануб хеле дастрасӣ доранд, ҷойгир кардааст.
XS
SM
MD
LG