Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Алмаато даври нави музокирот бо Эрон оғоз меёбад


Саид Ҷалилӣ

Саид Ҷалилӣ

Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон даври нави музокироти шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон бо Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастии ин кишвар оғоз меёбад.

Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон мегӯяд, қудратҳои бузурги ҷаҳон бояд ҳақи Эронро барои ғанисозии уран эътироф кунанд ва чунин кор пешрафти музокирот роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эронро таъмин хоҳад кард. Саид Ҷалилӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, Эрон аз ҳақи худ барои ғанисозии уран бо “сахтгирии бешар” баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дифоъ хоҳад кард.

Кэтрин Эштон-масъули сисёсти хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо як ҷо бо намояндагони Амрикову Русия, Чину Британия, ва Фаронсаву Олмон дар музокироти рӯзи ҷумъа ва шанбе дар Алмаато дар ин музокирот ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG