Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар Ҳиндустон бо зарби табар 9 касро кушт


Дар Ҳиндустон як нафар бо табар 9 нафарро куштааст. Сингҳ Дарроҳ-як мақоми расмии пулис рӯзи панҷшанбе гуфт, марде дар ҳолати ғазаб ва ваҳшатзадагӣ дар аёлати марказии Кҳаттисгарҳ 9 нафар духтарону хонумҳои ҳамсояи худро бо зарби табар ба ҳалокат расондааст. Дар миёни қурбониён 5 духтари аз 2 то 9 сола, 3 зани болотар аз синни 60 сола ва як зани 25 сола будаанд.

Бино ба гузоришҳо, қотили эҳтимолӣ Панду Нагесиаи 35 сола баъд аз он ки занаш вайро муддате пеш тарк кард, хеле афсурда шудааст.

Матбуоти маҳаллӣ гузориш додааст, ки ин куштор нисфирӯзӣ рух додааст, вақте, ки мардони хонаводаҳои қурбониён ба кор рафтаанд.
XS
SM
MD
LG