Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 15 сол аз таркиши минаҳо 368 кас нобуд шудааст


Рӯзи панҷшанбе Парвиз Мавлонқулов-намояндаи Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон ба матбуот гуфт, ки дар давоми 15 соли ахир дар таркиши минаҳо дар Тоҷикистон 368 нафар ҷон бохтаанд ва тақрибан 500 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин минаҳоро дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фарш карда буданд. Аксари онҳо дар имтидоди марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин дар минтақаҳои марзӣ бо Узбакистон гузошта шудаанд.

Бино ба маълумоти созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ҳоло 350 ҳазор нафар дар минтақаҳои хатар ба сар мебаранд. Тоҷикистон узви Аҳдномаи Оттава мебошад ва тибқи он бояд қаламрави худро аз минаҳо поккорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG