Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди дурӯзаи Муҳаммад Мурсӣ аз Судон идома дорад


Муҳаммад Мурсӣ

Муҳаммад Мурсӣ

Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср барои боздиди дурӯза вориди Судон шуд. Имод Саид Аҳмад-сухангӯи Умар Башир-раиси ҷумҳури Судон рӯзи панҷшанбе ин боздидро дар муносиботи миёни ин ду кишвар “таърихӣ” номид.

Мурсӣ бо Умар Башир ва бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва бо раҳбарнои аҳзоби сиёсии Судон мулоқот мекунад. Дар изҳороте, ки дафтари раёсати ҷумҳурии Миср нашр кард, гуфта мешавад, ки “ ҳадафи боздиди Мурсӣ таҳкими муносиботи қаввии стратегӣ миёни Миср ва Судон мебошад”.

Дар он омадааст, ки Қоҳира мехоҳад “бо Судон ҳамкориҳои воқеии иқтисодӣ барқарор кунад ва ҳадаф аз ин ҳамкориҳо рушд ва зиндагии мураффаҳи мардумони ҳар ду кишвар аст”.
XS
SM
MD
LG