Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҷонов раҳо шуд ва ба Амрико бармегардад


Абдумалик Абдуллоҷонов-нахуствазири пешини Тоҷикистон баъд аз раҳоӣ аз боздоштгоҳе дар шаҳри Киеви Украина ба Амрико бармегардад. Дар ин бора Андрей Федур-вакили мудофеи Абдуллоҷонов дар сӯҳбати ихтисосӣ ба радиои Озодӣ хабар дод.

Аъдуллоҷонов баъд аз нисфирӯзии панҷашанбе бо тасмими Додситонии кулли Украина аз боздошт раҳо шуд ва ин бад-он маъно хоҳад буд, ки Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон истирдод нахоҳад шуд.

Абдуллоҷонов 64-сола аст ва рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи байналмилалии "Бориспол", дар канори Киев боздошт ва рӯзи 7 феврал ба ҳабси муваққат маҳкум шуд. Тибқи ҳукми додгоҳ 15 март вай ба мӯҳлати то 12 моҳ ба ҳабси истирдодӣ гирифта шуд. Боздошти Абдуллоҷонов бар асоси дархости Тоҷикистон тавассути полиси байналмилалӣ ё Интерпол сурат гирифт.

Рӯзи панҷшанбе хабаргузории Итар-Тасс аз қавли додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Душанбе ҳамоно ба истирдоди Абдуллоҷонов исрор хоҳад варзид.
XS
SM
MD
LG