Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бегонае дар байни худиҳо. Чаро "келин" ҷойи духтарро намегирад?


Дар се моҳи аввали соли равон 150 зан баъди талоқ бо бачаҳои худ дар кӯча монданд. Ин рақам ниҳоӣ нест, ин танҳо занҳое ҳастанд, ки барои кӯмак ба мақомот муроҷиат карданд.

Раҷабгул аз ин гурӯҳ нест. Ӯ соли 2005 аз шавҳар ҷудо шудааст ва то имрӯз дар ба дар аст. Раҷабгул мегӯяд, хонаводаи шавҳар ӯро қабул надоштанд ва ҳатто дар китоби хона низ сабти номаш накардаанд.

Ин зан дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, «чун дар қайди хонаи шавҳар набудам, баъди пошхӯрии оила натавонистам даъвои манзил кунам. Шавҳарам хонаро фурӯхту ба Русия рафт ва ман бо ду фарзандам дар кӯча мондам. Мутаассифона, баъди чанд сол чунин тақдир ба сари духтарам низ омад ва ҳамакнун ӯ низ бо ду фарзандаш ҳамроҳи ман дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад.»

Раҷабгул, танҳо зане нест, ки ба чунин сарнавишт рӯ ба рӯ шудааст. Ҳамтақдирони Раҷабгулу духтараш дар Тоҷикистон зиёданд.

Ба иттилои Маркази буҳронии мутааллиқ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он ба ин марказ 200 зан муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 150 нафарашон пас аз пошхӯрии хонаводаашон бо фарзандонашон дар кӯча мондаанд. Сабаби аслӣ низ дар қайди манзили шавҳар набудани ин занон унвон мешавад.

Масъулони ин марказ мегӯянд, теъдоди ин гуна занон сол то сол меафзояд. Зарина Кенҷаева, равоншиноси ин марказ дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, «бештари онҳо бори дувум издивоҷ кардаанд ё занҳоеянд, ки шавҳарон онҳоро баъди ба муҳоҷират рафтан талоқ додаанд ва баъдан модаршӯ онҳоро ба кӯча партофтааст. Бархе аз онҳо духтароне будаанд, ки синну солашон рафтааст ва мақсадашон танҳо зудтар шавҳар кардан буд. Онҳо аз оқибати кор намеандешанд ва ба масъалаи аз қайди никоҳ гузаштан ва худро дар қайди хонаи шавҳар мондан чандон таваҷҷуҳ намекунанд. Бештарашон аз ин ҳуқуқҳояшон огоҳ ҳам нестанд, тарбияи кофӣ ва саводи казоӣ надоранд ва маъмулан аз хонаводаҳои камбизоатанд.»

Ба таъкиди Зарина Кенҷаева, на ҳама занони қурбонӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Вай мегӯяд, занон пас аз тамоман бад шудани шароити зиндагӣ ва аз даст додани солимии равонию ҷисмониашон ба маркази онҳо рӯ меоранд.

Аммо масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила бар инанд, ки ин занон ҳатто дар поймол шудани ҳуқуқи кӯдаконашон низ саҳлангорӣ мекунанд. Маърифат Шокирова, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ин занон фарзандонро ба насаби худашон номнавис мекунанд, ки дар натиҷа онҳо низ аз нафақа ва ҳуқуқи дастрасӣ ба моликияти падар маҳрум мешаванд.

Аммо ҳуқуқдонон мегӯянд, бар асоси қавонин сабти ном надоштани занон мушкили ҷиддиеро барои ин гуна занон иҷод намекунад. Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, ҳуқуқдони тоҷик, дар ин бора гуфт, "мутобиқи моддаҳои 121 ва 122-и Кодекси манзил, агар нафаре, новобаста аз хешутабории наздик доштан, зиёда аз шаш моҳ дар хонаи шаҳрванд зиндагӣ кунад, узви оилаи соҳибмулк ҳисоб мешавад. Барои исботи он танҳо чанд нафар бояд шаҳодат диҳанд. Вале бештари занон ин талаботи қонунгузориро намедонанд."

Ба назари Мирзоаҳмадов, муҳим он аст, ки занон дар чунин ҳолат сари вақт ба марказҳои ҳуқуқӣ муроҷиат кунанд, то ҳуқуқдонон дар ҳалли қазияашон мусоидат намоянд. Зеро, ба таъкиди ӯ, "агар шахс баъди аз манзили шаҳрванд берун шудан дар муддати шаш моҳ ба мақомоти дахлдор муроҷиат накунад, ҳуқуқашро барои узвият ба он хонавода аз даст медиҳад."

Аммо таҷрибаҳо баёнгари инанд, ки бо вуҷуди муроҷиати саривақтии
занҳо ба мақомоти додгоҳӣ, онҳо ба маскун шудан дар хонаи шавҳари собиқ муваффақ намешаванд.

Маърифат Шокирова, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд: «Ин ба фарҳанги миллии мо дуруст намеояд. Мард аллакай бори дуюм издивоҷ кардааст ва он зан наметавонад бо ҳамсари қаблии шавҳараш дар як хона зиндагӣ кунад. Собиқ хушдоман ҳам ӯро дигар қабул надорад ва баъзан қазия метавонад бо моҷаро ва ҳатто фоҷиа анҷомад.»

Коршиносон мушкилӣ аслии ин қазияро ба он рабт медиҳанд, ки "зан дар манзили шавҳар ҳамеша бегона мемонад ва ҳеҷ гоҳ духтари хона шуда наметавонад." Онҳо мегӯянд, аксари хушдоманҳо ё модаршӯҳо бо келинҳо муносибати хуб надоранд ва дар сурати аз ҳам пошидани оила тарафи писари худро мегиранд ва ба арӯси хонавода беинсофӣ мекунанд.

Гендершинос Марям Давлатова

Гендершинос Марям Давлатова

Гендершинос Марям Давлатова бар ин бовар аст, ки паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти волидони духтар бештари маворид ба чунин ҳолатҳо оварда мерасонад. Вай мегӯяд, «онҳо бояд бо волидони домод ҳатман ин масъаларо дар миён гузоранд ва барои дар қайди манзил гузоштани духтарашон пофишорӣ кунанд. Зеро соҳибмулкҳо асосан падару модари домод ҳастанд. Азбаски то ҳанӯз тоҷикон арӯсро духтари худ намеҳисобанд, барои ба қайди расмӣ гирифтани онҳо низ ҳавасманд нестанд. Зан баъди аз шавҳар ҷудо шудан дигар дар хонаи падари худ ҳам намеғунҷад ва сарсону саргардон мемонад.»

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон тасмим дорад, ки мактаби «Маърифати оиладорӣ»-ро таъсис диҳад, то ҷавонон қабл аз издивоҷ дар ин мактаб донишҳои ҳуқуқию равонӣ гиранд ва масъулияти оиладориро дарк кунанд.

Аммо соҳибназарон ин мавзӯъро печида мешуморанд ва мегӯянд, танҳо дар сурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси манзил ва Кодекси оила метавон ба ҳалли беҳтари он муваффақ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG