Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон бозии дувумашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» байни футболбозони синнашон то 14-сола дар Катманду бо тими мизбон - Непал бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозӣ рӯзи 4-уми апрел дар варзишгоҳи Дашрати пойтахти Непал бо ҳузури 1000 тамошогар баргузор шуд. Хуршед Абдуллоев, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 15-ум тӯбро вориди дарвозаи мизбонон карда, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Раҷ Кшитиз, бозигари мунтахаби Непал, дар дақиқаи 24-ум ба ҳадаф расонд.

Дар ин гурӯҳ чаҳор тими мунтахаб – Афғонистон, Бутан, Непал ва Тоҷикистон рақобат доранд.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар нахустин бозии худ 2-юми апрел бар тими Бутан бо ҳисоби бузурги 15:0 ғалаба карданд. Ҷаҳонгир Раҳматзода, Аббос Раҳмонов, Самадҷон Шарифов, Хуршед Абдуллоев, Умарҷон Шарифов ва Самандар Ризомов дуголӣ, Саидмухтор Азимов, Зиёвиддин Фузайлов ва Ҳувайдо Малиев якголӣ заданд.

НАВОР АЗ YOUTUBE



Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Афғонистон бар тими Бутан бо ҳисоби 14:0 пирӯз шуд. Футболбозони навраси Афғонистон дар бозии аввал бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буданд.

Дастаи Афғонистон бо 6 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 16-1) дар ҷойи аввал ва мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз (16-1) дар ҷойи дувум мебошанд. Дастаи Непал бо 1 имтиёз (2-3) севум аст. Вале мунтахаби Бутан бидуни имтиёз ва бидуни гол (0-29) дар ҷойи охирин – чорум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври охирин рӯзи 6-уми апрел бо мунтахаби Афғонистон рақобат мекунад. Танҳо дар мавриди пирӯзӣ футболбозони навраси тоҷик метавонанд ба даври баъдӣ роҳхат бигиранд. Дастаи Афғонистонро мусовӣ ҳам қаноатманд мекунад.

Бояд гуфт, ки танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар ҳамин ҳол мусобиқа дар ду гурӯҳ ба анҷом расидааст. Дастаҳои мунтахаби Ироқ аз гурӯҳи “А” ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “В” ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки соли 2014-ум баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Мусобиқа дар гурӯҳи “D” (Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Қирғизистон) аз 23-юм то 29-уми апрел, дар гурӯҳи “Е” (Бруней Доруссалом, Малайзия, Мянмар, Филиппин ва Тимор Лесте) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “F” (Бангладеш, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур ва Тайланд) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “G” (Чин, Тайван, Гуам, Кореяи Ҷанубӣ ва Марианаи Шимолӣ) аз 20-уми апрел то 26-уми апрел ва дар гурӯҳи “H” (Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Ҷопон, Макао ва Муғулистон) аз 11-ум то 17-уми апрел баргузор мешаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG