Пайвандҳои дастрасӣ

Милиса аризаи ректори ДДОТ-ро баргардонд


Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баъди омӯхтани ҷузъиёти даъвои Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, алайҳи Марҳабои Ҳоким, рӯзноманигори ҳафтаномаи «Азия Плюс», ба қароре омад, ки дар фаъолияти хабарнигор амали ҷиноӣ вуҷуд надорад. Дар ин бора Шуҳрат Қурбонов, вакили дифои рӯзноманигор, ба «Азия Плюс» хабар додааст. Ба таъкиди вакили дифоъ, муфаттишон ба вай гуфтаанд, ки ягон ҳолати қонунвайронкунӣ дар фаъолияти рӯзноманигор аз сӯи онҳо ба мушоҳида нарасидааст ва аз ин рӯ, аризаи даъвогии ректори ДДОТ аз эътибор соқит дониста шуд. Алайҳи рӯзноманигор низ парвандае боз намегардад.

Бино ба иттилои "Азия Плюс", Марҳабои Ҳоким, хабарнигори ғайриштатии ин хабаргузорӣ, субҳи 1-уми апрел барои таҳқиқи ҳодисаи пурсарусадои "кафши пошнапаст ва пошнабаланд дар донишгоҳи омӯзгорӣ" ба бинои ин муассисаи таълимӣ омадааст ва аксбардориҳои ӯ ба вокуниши тунди ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дучор гашт. Ректор аз дасти хабарнигор дастгоҳи аккосиро гирифта, ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.
XS
SM
MD
LG