Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори ғайримаъмулии порлумони Украина


Вакилони мардумии Ҳизби Манотиқ, ҳизби ҳокими Украина ва Ҳизби Коммунист, имрӯз ҷаласаи порлумонро бе ҳузури ҷиноҳҳои мухолиф ва дар бинои дигаре баргузор кардаанд. Баъди роҳ надодани раёсати порлумон ба минбар аз тарафи вакилони мухолифи давлат, вакилони ду ҳизб, ки аксариятро ташкил медиҳанд маҷбур шуданд, ҷаласаи порлумонро дар бинои наздик ба порлумон баргузор карданд. Бори чандум аст, ки вакилони мухолифони давлат, намегузоранд, ки ҷаласаҳои порлумон ба таври маъмулӣ баргузор шавад. Аз ҷумла вакилони Ҳизби УДАР, ба раҳбарии Виталий Кличко, паҳлавони украинӣ, Ҳизби Озодӣ, Ҳизби Сарзамин дар ин эътирозот ширкат доштанд. Баъзе аз аҳзоби мухолиф талаб доранд, ки интихоботи раиси шаҳри Киев ба таъхир гузошта шавад, ислоҳоти низоми нафақаро лағв кунанд ва ҳукумат истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG