Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон 4 афсари пулис кушта шудаанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, бар асари як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО, 4 афсари пулиси афғон ва 2 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти ноороми Ғазнӣ воқеъ дар ҷанубушарқи кишвар ба вуқӯъ пайвастааст. Фозил Аҳмад, раиси ноҳияи Деҳяк, рӯзи панҷшанбе гуфт, афсарони пулиси афғон зимни гаштзанӣ дар рустои Сулаймонзай мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои НАТО қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳои НАТО-ро шоми чаҳоршанбе баъди ҳамлаи ситезаҷӯён ба посгоҳи пулис дар Деҳяк барои кӯмак ба ин маҳал даъват карданд. Паймони НАТО ҳамлаи ҳавоӣ ба Деҳякро таъйид накардааст, вале мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаро идома медиҳад. Амалиёти муштараки нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон барои поккории Ғазнӣ аз Толибон идома дорад.
XS
SM
MD
LG