Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд


Имрӯз, 4-уми апрел, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби калони президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар мулоқот масоили дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд. Инчунин, зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар тӯли солҳои шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бештар аз 690 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо харҷи 236 миллион доллар маблағҳои ҷудонамудаи ин бонк татбиқ мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир ба татбиқи босамари Стратегияи миёнамуҳлати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум барои солҳи 2013-2015, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, гуфтугӯ карданд. Ҳамчунин, доир ба дигар ҷанбаҳои равобити Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳҳои мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, табодули назар сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG