Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои боздошти Кони подош ваъда кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои иттилоъи арзишманд дар бораи Ҷозеф Кони як ҷансолори бераҳм аз Уганда 5 миллион доллар подош таъйин кардааст. Ҷозеф Кони фармондеҳи гурӯҳи ҷудоихоҳон бо номи Артиши Муқовимати Худованд аст, ки солҳои тӯлонӣ дар чаҳор кишвари Африқои Марказӣ меҷангад ва ба дуздии кудакону маъюб кардани мардум машғул аст. Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага, амри боздошти ӯро, ки ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешавад, содир кардааст. Пештар аз ваъдаи подоши Амрико барои боздошти Ҷозеф Кони, ҳукумати Уганда, ки эълом кард, ки ҷустуҷӯи ин ҷангсолор дар қаламрави Ҷумҳурии Африқои Марказиро хотима медиҳад, ки ҳукумати онро шӯришиён гирифтанд. То кунун 2 ҳазор сарбози Уганда бо кӯмаки 10 мушовири низомии амрикоӣ алайҳи Артиши Муқовимати Худованд меҷангиданд.
XS
SM
MD
LG