Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси қонуни байналмилалӣ, фаразан, агар кишвари А ба пойгоҳи низомии кишвари Б мушак андозад, дар ин сурат, кишвари дувум ҳақ дорад, барои муҳофизати худ бо нерӯи баробар посух бидиҳад.

Вале агар кишвари А бо ҳамлаи маҷозӣ таркише дар пойгоҳи низомии Б ба амал орад, дар ин ҳол, оё кишвари Б ҳақ дорад, ки ба пойгоҳҳои кишвари А мушак андозад. Ё инки чӣ хоҳад шуд, агар ҳангоми ҷанг миёни ин ду кишвар А бо ҳамлаи маҷозӣ ба шабакаҳои мухобиротии Б нерӯи барқ дар як шифохонаи онро қатъ кунад. Оё ин ҳамла берун аз муқаррароти байналмилалӣ дар бораи ҷанг хоҳад буд?

Гурӯҳе аз мутахассисони қонунҳои байналмилалӣ, ки чанд соли ахир ҳамин масъалаҳоро таҳқиқ кардаанд, мегӯянд, ки посухҳои ҳарду суол мусбат аст. Ин гурӯҳи 20 нафарии мутахассисон барои ёфтани посух ба ин суолҳо матнҳои аҳдномаҳои байналмилалии Женева ва Гаага ва аз ҷумла, Маншури Созмони Милалро таҳти заррабин гирифтаанд. Онҳо баъди таҳқиқи чандсола санади ҳуқуқии 300 саҳифагӣ бо номи “Дастуруламали Таллин” таҳия кардаанд, ки меъёрҳои қонунҳои мавҷуд дар бораи ҷангҳои маҷозиро нишон додааст.

Майкл Шмит, профессори ҳуқуқдон аз Коллеҷи низомии нерӯҳои баҳрии Амрико, ки 25 сол мушовири ҳуқуқии артиш ва нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида будааст, раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда дошт. Ӯ мегӯяд, “Дастуруламали Таллин” барои ҳуқуқдонон ва мушовироне таҳия шудааст, ки ба мақомот ва ба ниҳодҳое, ки худашон ҳам мехоҳанд тавонмандии ҳамла ба шабакаҳои мухобиротӣ дошта бошанд, дар бораи вокуниш ба ҳамлаҳои маҷозӣ машварат медиҳанд:

“Ин дастуруламал барои ман аст, ки онро боз кунам ва бигӯям, ки ин қонун ин ё онро иҷоза медиҳад ва се ё чаҳор банди дигараш баҳсбарангез аст. Ман бояд ба сиёсатгузорон ва фармондеҳон бигӯям, ки фалон чиз бар асоси қонунҳои байналмилалӣ рӯшан нест. Ҳамингуна мо саъй кардем, ба онҳое, ки машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд, абзоре бидиҳем, ки машваратҳои ҳуқуқиашонро беҳтар кунанд. “

Дастуруламал бо фармоиши Маркази муҳофизатии кибернетикии Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ таҳия шудааст, вале ин дастуруламал санади расмии ин созмон нест ва наметавонад ба ҳайси санади ҳуқуқии байналмилалӣ истифода шавад. Аммо, мегӯяд Майкл Шмит, онҳо саъй кардаанд, ки дар ин дастуруламал ба ду суоли умда ҷавоб бигӯянд. Аввал ин ки кадом қонун ҳамлаи маҷозӣ аз сӯи як кишварро тавзеҳ медиҳад ва дуввум ин ки дар замони осоишта ва дар сурати ҳамлаи маҷозӣ ба кадом иншооташ кишвари дигар ҳақ дорад, ки посух бидиҳад:

“Мо дар Маншури Созмони Милал бандҳоеро омӯхтем, ки истифода аз нерӯ ва ҳаққи кишвар барои муҳофизат аз ҳамлаҳои маҷозӣ ва кибернетикиро муайян кунад. Бахши дуввуми дастуруламал ҳам дар бораи вазъи ҷангӣ, вазъи низои мусаллаҳона аст. Дар ин ҳолатҳо кадом меъёрҳо бояд риоят шаванд? Ҳамлаҳои кибернетикӣ ба кӣ равона шудааст? Оё ғайринизомиён, иншооти ғайринизомиву дигар афроду иншоот аз ин ҳамла эмин мемонанд? Чӣ хоҳад шуд, агар шабакаҳои иттилоотии як иншооти низомӣ ва шифохона ба як сервер пойбанд ҳастанд? Яъне, муқаррароте, ки ба майдони ҷанг иртибот мегирад. “

Дар ин дастуруламал омадааст, ки то кунун ҳеҷ як низои мусаллаҳонаи байналмилалӣ бар асари ҷанг дар ҷаҳони маҷозӣ ба вуҷуд наомадааст, вале бар тибқи хулоса мумкин аст, ки чунин чизе иттифоқ биафтад. Ба гуфтаи гурӯҳи ҳуқуқдонон, ҳамла ба шабакаҳои мухобиротии кишваре метавонад аз ҳад бигзарад ва ба ҷанги воқеии мусаллаҳона табдил шавад. Таҳияи дастуруламалро гурӯҳи мазкур дар соли 2007 ва баъди он шурӯъ кард. Дар доираи он Эстония шоҳиди ҳамлаи васеъмиқёси маҷозӣ ба шабакаҳои худ шуд. Аз ҷумла, дар ҳамлаҳое, ки гӯё аз Русия сарчашма мегирифт, торнамоҳои вазоратҳо, бонкҳо ва расонаҳои хабарӣ аз кор афтоданд.

Маҳаки “Дастуруламали Таллин” ин аст, ки ҷанги маҷозӣ танҳо дар шабакаҳои мухобиротӣ ва ё интернет тамом намешавад. Агар ба забони дигар бигӯем, барномаи комютерие, ки системаи мухобиротии ҳавопаймоҳоро вайрон карда, сабаби суқути онҳо мешавад, баробар ба мушакест, ки ҳамин корро мекунад.

Ҷейсон Ҳейлӣ, мудири барномаи Сайбер Стейткрафт дар Шӯрои Атлантик дар Амрико, мегӯяд, хулосаи дастуруламал ин аст, ки ҳамлаи маҷозӣ метавонад, сабаби ҳамлаи воқеии харобиовар шавад. Вале айни замон чунин ҳамла бояд замоне сурат бигирад, ки ҳамлаи маҷозӣ ба ҳамон ҳад харобиовар бошад. Дар робита ба масъалаи ҳаккер ва ё рахнагарони интернетӣ ҳам дастуруламал шарҳҳое додааст.

Майкл Шмит дар ин бора мегӯяд: “Мо ҳеҷ гоҳ нагуфтаем, ки шумо метавонед ба рахнагарони интернетӣ ҳамла кунед. Мо гуфтеам, ки агар низои мусаллаҳонае рух дод ва касе дар ин низоъ ба қудрати низомии шумо ва тавоноии дифоии шумо асари манфӣ гузошт, бар асоси қонунҳои мавҷуд онҳоро метавонанд ҳадаф бигиранд. Ин қонунҳо ҳеҷ иртиботе бо рахнагарони интернетӣ ва дар замони осоишта надоранд. Ё иртиботе ба рахнагари интернетие надоранд, ки дар замони ҷанг вебсайтеро вайрон мекунад. “
XS
SM
MD
LG