Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабоҳат Қосимова


Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Соли 1973, баъди хатми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода фаъолиятро аз Театри давлатии академию драмаи ба номи Абулосим Лоҳутӣ шурӯъ кард ва инак беш аз чиҳил сол аст дар саҳнаи театри тоҷик заҳмат мекашад. Нақшҳои бачаи шӯх — Шараф аз намоишномаи «Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар, Мадлена аз «Тӯдаи риёкорон»-и Михаил Булгаков, Офелия аз «Ҳамлет-и Шекспир дар саҳнаи театри Лоҳутӣ ва нақши Зулайхо дар намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», Катоюн дар «Исфандиёр», модар Марям дар «Даҷҷол» дар Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» аз ҷумлаи симоҳои офаридаи ӯ тӯли ин солҳост.

Сабоҳат Қосимова яке аз аввалин бонуҳо буд, ки ҳамроҳ бо сарояндаи шаҳири Муқаддас Набиева аз ноҳияи Фархор барои омӯзиши ҳунар ба Душанбе омад ва ҳарду комёб шуданд. Сабоҳат Қосимова барандаи ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши зан» дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии «Наврӯз-90», Тугайлик» дар шаҳри Уфа, «Даҳаи фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Осиёи Миёна» дар шаҳри Антверпени Белгия аст. Ҳамзамон ӯ сарварии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимовро бар дӯш дорад ва дар густариши фаъолияти театр ва тарбияи ҳунармандони ҷавон саҳми назаррас гузоштааст.
XS
SM
MD
LG