Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон замин ҷунбид


Соати 11:31-и имрӯз, 4-уми апрел, дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 300 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон ҷойгир буд ва иқтидори он дар маркази заминларза 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 3 балл ва дар шаҳри Хоруғ 2-3 балл аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил медод. Дар мавриди хисороти ин ҳодисаи табиӣ иттилое нарасидааст.
XS
SM
MD
LG