Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар бинои 40-табақаи Грознийро хомӯш карданд


Мақомоти Русия мегӯянд, ки оташсӯзӣ дар як бинои 40-табақа дар шаҳри Грозний пойтахти Чеченистонро субҳи имрӯз хомӯш карданд. Оташ бисёре аз табақаҳои болоии бинои бузурги истиқоматиро ба комаш кашид, вале касе дар ин фалокат осеб надидааст. Бинои навбунёди холӣ, яке дигар аз биноҳои баландошёнаи дигар дар Грозний аст, ки сохтмони онҳо идома дорад. Сохтмони чунин хонаҳоро як навъ намоиши эҳёи Грозний баъди ҷанги харобиовари чандсолаи шаҳрванди дар ин гӯшаи Русия медонанд. Ба гуфтаи мақомот, зоҳиран, ба ҳам расидани ноқилҳои барқ сабаби оташсӯзӣ шудааст ва ин кори дасти ҷудоихоҳони чечен нест. Бо вуҷуди гузашти як даҳсола аз он ҷанг, дар Чеченистон ҳанӯз оромии комил барқарор нашудааст ва гурӯҳҳои тундраве барои таъсиси низоми исломӣ дар инҷо меҷанганд.
XS
SM
MD
LG