Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куриёи Шимолӣ дигарбора ба Амрико таҳдид кард


Артиши Куриёи Шимолӣ рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки низомиёнаш иҷозаи ниҳоӣ гирифтаанд, ки ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “ҳамлаи беамон” кунанд ва аз ҷумла бо аслиҳаи атомӣ. Эълони Куриёи Шимолӣ таҳдиди дигари ин кишвар ба Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ аст. Дар баёнияе, ки расонаҳои давлатии Пхенян нашр карданд, омадааст, нерӯҳои кишвар иҷоза гирифтаанд, ба таҷовузи Амрико “бо тамоми тавоноӣ ва усулҳои амалии низомӣ” муқобила кунанд. Пештар аз ин таҳдид, вазорати дифоъи Амрико гуфт, ки дар ҷазираи Гуам, дар ҳавзаи Уқёнуси Ором, ба хотири тақвияти тавоноии дифоъиаш дар минтақа, системаи дифоъи мушакиро ҷойгир хоҳад кард. Ким Кван Ҷин, вазири дифоъи Куриёи Ҷанубӣ, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Пхенян, мушакҳояшро ба таври чашмгир ба манотиқи соҳилии он кишвар наздик овардааст. Аммо гуфт, ӯ Куриёи Ҷанубӣ мушакҳое надорад, ки тавонанд, ба қаламрави Амрико бирасанд.
XS
SM
MD
LG