Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи байналмиллалӣ ғолиб омаданд


Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ширкат дар даври дувуми озмуни минтақавии «Рақобати донишомӯзӣ дар интернет-олимпиадаи байналмиллалӣ», ки аз 22 то 27 марти соли ҷорӣ миёни донишҷӯёни макотиби олии кишварҳои Русия ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт, ғолибият ба даст оварданд ва соҳиби панҷ медали тилло шуданд.

Шодмон Аҳмадов, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин озмуни байналмилалӣ дар шакли тест ва бо истифода аз интеренет миёни донишҷӯёни риштаҳои гуногуни макотиби олӣ баргузор шуд. Вай афзуд, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба ҳайси маркази баргузории ин озмун дар Тоҷикистон интихоб гардида буд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 5 нафар дар ин озмун ширкат карданд. Тибқи муқаррароти озмун, иштирокчиён бо назардошти мушаххасоти таҳсилот дар 3 гурӯҳ сабқат намуданд.
XS
SM
MD
LG