Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистонро дар ҷаласаи Тошканд муовини аввали ВКХ намояндагӣ мекунад


5-уми апрели соли 2013 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Дар робита ба ин Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 4-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар кори ин ҷаласа ҷониби Тоҷикистонро Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баррасии 10 тарҳи муҳим оид ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои гуманитариву таъмини амнияти минтақа баррасӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин, масъалаи эълони «Соли 2014 ҳамчун соли туризму сайёҳӣ дар қаламрави кишварҳои ИДМ» низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG