Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Тоҷикистон дар пайи тармими робитаҳо


Панҷуми апрел дар Душанбе ҳамоише баргузор мешавад, ки дар он роҳҳои нави ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Барои ширкат дар ҳамоиши байнулмилали густариш ва таҳкими ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон беш100 намояндаи вазорату идораҳои гуногуни Русия вориди Душанбе шудаанд. Шоми имрӯз, панҷшанбеи 4-уми апрел, ҳайати васеи ниҳодҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва муҳоҷирати кории Русия таҳти сарварии Владимир Чернов, сардори Раёсати ҳамкориҳои минтақавӣ бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи президенти Русия, ба Тоҷикистон меояд. Дар назар аст, ки ин ҳайат рӯзи ҷумъа бо намояндагони ниҳодҳои Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Галина Назарова, мудири намояндагии Бунёди пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии Авруосиё дар Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 4-уми апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар ҳайати мазкур беш аз 100 нафар намояндагони вазоратҳои иқтисод, кишоварзӣ, энергетика ва бонкдории Русия ба Тоҷикистон меоянд ва дар доираи як конфронси «Муносибатҳои ҷадид оид ба ҳамкориҳои минтақавии Русия ва Тоҷикистон», ки 5 апрел оғоз хоҳад шуд, гуфтугӯ хоҳанд кард. Қарор аст, дар бахши ҳамкориҳои бонкҳои Тоҷикистону Русия 3 созишнома ба имзо расад.

Хонуми Назарова афзуд, ки мулоқоти ҳайатҳои дуҷониба масоили фарогири бахшҳои мухталифи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар ҳошияи конфронси мазкур дар мизи гирдҳои алоҳида баррасӣ хоҳанд кард. Ба таъкиди мудири намояндагии Бунёди пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии Авруосиё дар Тоҷикистон, дар доираи ин сафар намояндагони Вазорати кишоварзии Русия барои аввалин бор ба Тоҷикистон меоянд.

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, Михаил Кораблин дар бораи ин ҳамоиш гуфтааст, бо вуҷуди он ки дар давоми 7 соли охир Русия ба ҳайси коршарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мондааст, монеаҳое дар роҳи рушди ин муносибатҳо мавҷуданд. Вай аз ҷумла ба кодекси нави андози Тоҷикистон ишора карда, мегӯяд, тоҷирони Русия зери бори сангини андоз мондаанд. Ҷаноби Кораблин ҳамчунин сари вақт пардохт нашудани нархи молу коло ва хадамоти ширкатҳои русиро дар Тоҷикистон аз мушкили дигар унвон кард. Дар ҳамоиши Душанбе на танҳо ин масъалаҳо, балки ояндаи равобит бо шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Русия ба Тоҷикистон асосан фуровардаҳоио нафтӣ, чӯуб тахта, филизи сиёҳ ва маҳсулоти саноати мошинсозиро ворид мекунад. Ба ғайр аз ин маҳсулоти саноати хӯроквории Русия низ дар Тоҷикистон харидори зиёд доранд. Тоҷикистон Дар навбати худ ба Русия пунбадона, мева ва сабзавот мефиристад. Сармогузориҳои мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион доллар ё аз 50 то 60 дарсади сармоягузориҳои хориҷиро ташкил медиҳанд. Солҳои охир сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон низ дар ҳоли афзоиш аст ва ба 1 миллиард доллар расида, ҳамчунин 30 кишвари дигар бо Тоҷикистон додуситад доранд.
XS
SM
MD
LG