Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди намояндагони Шӯрои уламо аз зиндон дар пасманзари шикоятҳо аз шиканҷа


Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар як мавъизаи намози рӯзи ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе вуҷуди мавридҳои шиканҷаи зиндониёнро рад карда буд.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар як мавъизаи намози рӯзи ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе вуҷуди мавридҳои шиканҷаи зиндониёнро рад карда буд.

Як ҳайат бо шумули намояндагони Шӯрои уламо, Кумитаи дин ва Раёсати ислоҳии Вазорати адлия тасмим гирифтааст, ки зимни боздид аз зиндони Ёвон бо маҳбусон мулоқот кунад.

Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 4 апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳайати Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Кумитаи дин дар нимаи аввали ҳамин рӯз аз зиндони Ёвон дидан мекунанд. Боздиди ҳайати мазкур аз зиндони Ёвон тибқи барномаи вижае сурат мегирад,ки бо иқдоми Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ба қавли Одинашоҳ Муродов, рӯҳониёни Шӯрои уламо зимни мулоқот бо маҳбусон онҳоро ба фурӯтанӣ, хештандорӣ ва ахлоқи ҳамида даъват карда, ҳамчунин, дар хусуси ҷурму ҷиноят аз нигоҳи шариат суҳбат хоҳанд кард.

Боздиди намояндагони Шӯрои уламо ва Кумитаи дин аз маҳбасҳо барои аввалин бор нест. Дар моҳи декабри соли гузашта раиси Шӯрои уламо Сайидмукаррам Абдулқодирзода ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи дин аз зиндонҳои шаҳри Душанбе дидан кард ва бо шароити зисти маҳбусон аз наздик ошно шуда буд.

Ба дунболи боздидаш аз зиндонҳои пойтахт ва мулоқоташ бо маҳбусон Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар як мавъизаи намози рӯзи ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе вуҷуди мавридҳои шиканҷаи зиндониёнро рад кард. Ӯ, ки дар ҳузури садҳо намозгузор амри маъруф мекард, хабари расонаҳо дар бораи шиканҷаву зӯроварӣ дар маҳбасҳоро “нодуруст” ва “иғвогарии худи расонаҳо” хонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG