Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон


Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов

Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои ҷоизаҳои раиси фахрии Федератсияи бокси Қазоқистон Аскар Қулибоев ду медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд, 140 варзишгар аз панҷ кишвар – Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар байни муштзанҳои тоҷик ду нафар – Анвар Юнусов ва Ораз Афзалшоев ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шуданд. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё, дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев дар вазни то 56 кг ҷойи севумро гирифт ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG