Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки таъйиди ниҳоӣ барои "ҳамлаи беамони атомӣ" ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дарёфт кардааст.

Ба гузориши хабаргузории France-Presse, дар баёнияе, ки субҳи рӯзи панҷшанбеи 4-уми апрел дар хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ нашр шуд, фармондеҳи кулли артиши халқии ин кишвар гуфтааст, ки Кореяи Шимолӣ омодааст, ба «сиёсати ҷангҷӯёнаи ИМА бо ҳамлаҳои мушакии сабуки атомӣ посух диҳад.» Ба таъкиди фармондеҳи кулли артиши Кореяи Шимолӣ, «амалиёти беамони нерӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ ба таври ниҳоӣ баррасӣ гардид ва таъйид шуд.»

Бояд гуфт, ки аз аввалҳои моҳи март ба ин сӯ, аз замоне ки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико машқҳои муштараки низомии худро оғоз карданд, Кореяи Шимолӣ таҳдид мекунад, ки ба Кореяи Ҷанубӣ ва пойгоҳҳои Амрико ҳамла хоҳад кард.

Фармондеҳи кулли артиши Кореяи Шимолӣ дар идомаи баёнияи худ гуфтааст, ки «лаҳзаи инфиҷор ба суръат фаро мерасад» ва ҷанг дар нимҷазираи Корея мумкин аст «имрӯз ё фардо» оғоз шавад.

Бо вуҷуди чунин таҳдидҳо ва алорағми омӯзиши мушакҳои дурпарвоз дар моҳи декабри соли гузашта аз сӯи Кореяи Шимолӣ, ба бовари аксари коршиносон, ин кишвар ҳанӯз ба мушакҳое, ки тавони бурдани кулоҳаки атомӣ то ба хоки Амрикоро дошта бошад, нест ва барои тавлиди чунин мушакҳо Кореяи Шимолиро солиёни зиёде зарур аст.

Артиши Кореяи Шимолӣ масъулияти буҳрони кунуниро ба уҳдаи Амрико дониста, истиқрори ҳавопаймоҳои бомбаафкани ин кишварро дар нимҷазираи Корея далел барои иддаои худ овардааст.

Зимнан, дар як эъломия, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта матбуоти давлатии Кореяи Шимолӣ пахш карда буд, омадааст, ки “аз ҳамин ҳоло муносибатҳои байни ду Корея дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва муносибатҳо мутобиқи чунин ҳолат пеш бурда мешавад.” Дар эъломия аз номи ҳукумати Кореяи Шимолӣ ва ниҳодҳои он гуфта мешавад, ки ”вазъи нимҷазираи Корея, ки муддатҳои тӯлонӣ на дар ҳолати ҷанг ва на дар ҳолати сулҳ қарор дошт, саранҷом ба поён мерасад.” Дар ин эъломия, ҳамчунин, ҳушдор дода шудааст, ки ҳар гуна таҳрики низомӣ метавонад сабаби “муноқишаи саросарӣ ва ҷанги ҳастаӣ ё атомӣ шавад.”

Соли 1953 муноқишаи низомии ин ду Корея ба поён расид, вале онҳо ҳамеша дар рӯ ба рӯи ҷанг қарор доштанд. Кореяи Ҷанубӣ ин эълонро нодида гирифт ва онро “идомаи таҳдидҳои таҳрикомез” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG