Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз Конгресси кишвар хостори ҷудо кардани сад миллион доллар барои пажуҳиши мағзи сари инсон хоҳад шуд. Қарор аст, дар чаҳорчӯби барномаи BRAIN Initiative харитаи мукаммали мағзи сари инсон тартиб дода шавад. Ба гуфтаи донишмандон, ин тарҳ барои фаҳмидани асрори бемориҳое чун фалаҷ, маризии Алтсгеймер ва аутизм мусоидат хҳоад кард.

Барак Обама зимни суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт, ки мағзи сари инсон асрори бузургест, ки бояд ифшо шавад. Интизор меравад, ки дар тарҳи омӯзиши мағзи сари инсон пажуҳишгоҳҳои ҳифзи сиҳати Амрико, Бунгоҳи таҳқиқотии Пентагон ва Бунёди миллии илми ИМА ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG