Пайвандҳои дастрасӣ

Путин Русияро бузургтарин содиркунандаи силоҳ номид


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе эълом дошт, ки Маскав яке аз содиркунандагони аслии силоҳ дар ҷаҳон аст ва дар ин тиҷорат баъд аз ИМА дар мақоми дуюм ҷой дорад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи чаҳоршанбе ӯ гуфт, ки соли гузашта Русия ба 66 кишвар ба маблағи беш аз 15 миллиард доллар силоҳ фурӯхтааст.

Сарвари Русия ҳамчунин гуфт, ки айни ҳол Маскав бо намояндагони 75 кишвар дар мавриди хариду фурӯши силоҳ созиш ҳосил кардаст. Маблағи умумии ин созишҳо, ба гуфтаи ӯ, тақрибан 46 миллиард долларро ташкил медиҳад. Владимир Путин таъкид намуд, ки айни ҳол Русия чаҳоряки бозории ҷаҳонии таслиҳотро таҳти назорат дорад.

Рӯзи сешанбе Маҷмааи умумии СММ бори аввал дар таърих созиши байнулмилалӣ дар бораи тиҷорати силоҳро қабул кард. Аз ин созиш 154 кишвар пуштибонӣ карданд, се кишвар алайҳи он раъй доданд. Русия миёни 23 кишвари бетараф буд.
XS
SM
MD
LG