Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Хушбинии эҳтиёткорона"-и Эштон ба музокироти Алмаато


Кэтрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар мавриди даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон “хушбинии эҳтиёткорона” дорад. Зимни суханронӣ дар Анкара, пойтахти Туркия, рӯзи чаҳоршанбе хонум Эштон гуфт, басо муҳим аст, ки дар музокироти ӯ бо мансабдорони эронӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон пешрафте ҳосил шавад.

Қарор аст, ки ин гуфтушунид охири ҳафта баргузор гардад. Эштон дар музокирот аз номи шаш кишвар– ИМА, Фаронса, Бритониё, Русия, Чин ва Олмон ҳарф хоҳад зад. Гуфтушунид дар Алмаато идомаи музокиротест, ки охири моҳи феврал дар ин шаҳри Қазоқистон баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG