Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳалгароии тоҷикҳо ба Русия кӯчидааст?


Дар робита ба ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар як бархӯрди миёни тоҷикон дар ноҳияи Измайловои Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Расонаҳои чопи Маскав навиштаанд, ки шӯъбаи тафтишотии ноҳияи Измайлово барои таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дод.

Ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, низоъ миёни сокинони ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон, ки рӯзи якуми апрел ба вуқӯъ пайваст, бо марги сокини деҳаи Рованд Малики Сафаралӣ аз зарби тири туфангча анҷом ёфт. Ин ҳодиса дар ноҳияи Измайловои Маскав, дар наздикиҳои Маркази тиҷоратии “Новочеркизовский” ба вуқӯъ пайваст. Гуфта мешавад, бо иттиҳоми куштор чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ки ному насабашон алҳол эълон нашудааст, мавриди пайгард қарор доранд.

Масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, бархӯрд идомаи як низои дигар миёни сокинони ҷамоати Язгулом бо сокини деҳаи Бунайи Ванҷ Талабшо Асоев буд – дар моҷарои аввалӣ Талабшо аз зарби корд захмӣ шуд ва ба беморхонаи клиникии рақами 14-и ноҳияи Соколники интиқол ёфт.

Боғшоҳи Лашкарбек, раиси маркази тоҷикони муқими Маскав мавсум ба “Нур”, бо таассуф мегӯяд, ки ин аввалин моҷаро миёни сокинони ноҳияи Ванҷ дар пойтахти Русия нест ва яку ним сол пеш фақат бо дахолати афроди
Боғшоҳи Лашкарбек
Боғшоҳи Лашкарбек
бонуфуз аз як низои густурда миёни муҳоҷирон аз ду мавзеи ноҳия – Язғулом ва Ванҷ ҷилавгирӣ шуда буд. Ӯ иқрор мекунад, ки моҷароҳо миёни сокинони ин ё он минтақаи ҷудогонаи Тоҷикистон дар Маскав барои ҷой кор, минтақаи нуфуз ё тиҷорати ин ё он мол фаровон рӯй медиҳанд ва он ба як равияи нигаронкунанда ва хатарбор табдил шудааст. Ба гуфтаи Боғшоҳи Лашкарбек, дар ин моҷароҳо касе мавзӯи ҳақ будан ё набуданро матраҳ намекунад, муҳоҷирон фақат барои пуштибонӣ аз ҳамдеҳа ё ҳамшаҳрияшон ҳамватанҳои дигари худро ба лату кӯб мекашанд.

Раиси маркази “Нур” меафзояд, ки онҳо ҳаддалимкон талоши ҷилавгирӣ аз ин низову моҷароҳоро мекунанд, “лидер”-ҳои деҳаҳоро ба мулоқот мехонанд, то ҳамроҳ нишаста мушкили худро ҳал намоянд. “Аммо агар ҷиноят содир шуд, бигзор онро полис ҳал кунад, ҳадафи мо на тафтиши ҷиноят, балки ҷилавгирӣ аз ҷиноят аст”, мегӯяд Боғшоҳи Лашкарбек. Ба гуфтаи ӯ, низоъҳои байни маҳалҳо барои муҳоҷирон аз дигар кишварҳои шӯравии собиқ - Озарбойҷон, Арманистон ва Ӯзбакистону Қирғизистон ҳам “бегона” нест ва шояд сабаб ин аст, ки баъд аз суқути шӯравӣ сатҳи фарҳангу ҷаҳонбинии мардум дар ин ҷумҳуриҳо пойин рафтааст ва онҳое, ки умдатан аз деҳот ё шаҳракҳо ба Маскаву дигар шаҳрҳои Русия меоянд, ягонагии милливу ҳуввияти мазҳабиро фаромӯш мекунанд.

Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари созмони ҷамъиятии «Муҳоҷират ва қонун”-и Маскав мегӯяд, рӯзи чоршанбе ба онҳо муҳоҷире аз ноҳияи Конибодом муроҷиат кард, ки бародарашро ҳамшаҳриҳои худаш шадидан лату кӯб карданд ва ӯ ҳоло дар вазъи сангин дар бемористон аст. Хонум Ҷӯраева ҳам иқрор мекунад, ки низоъҳои байниқавмӣ ва байни сокинони маҳалҳои алоҳидаи Тоҷикистон рӯз то рӯз афзоиш меёбанд. Як сабаби ин, аз нигоҳи Гавҳар Ҷӯраева, ғурури "тоҷикона" аст - ҳар тоҷик худро беҳтар мешуморад ва дигарҳоро эътироф
Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод
намекунад. Ва маҳз ба ҳамин хотир, мегӯяд ӯ, то ҳол дар Русия ҷамъият ё диаспораи муташаккили тоҷикон таъсис нашудаааст ва сокинони маҳалҳои алоҳида созмонҳои маҳалли худро ташкил кардаанд. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, низ мегӯяд, дар Русия озариҳову арманиҳову гурҷиҳову укроинҳо диаспораҳои бузург доранд, дар арафаи Наврӯз кумитаи тадорукотӣ барои таъсиси ҷамъияти умумирусиявии ӯзбакҳо созмон ёфт. Ба гуфтаи ӯ Дар Маскав, аз ҷумла, ду ҷамъияти бузурги озариҳо таъсис шудааст ва онҳо ҳарчанд бо ҳам рақобат доранд, вале дар аксар ҳолатҳо ҳамкорӣ ҳам мекунанд. Муҳаммад Эгамзод ҳам мегӯяд, “як сабаби ба ҳам наомадани тоҷикҳо он аст, ки дар мафкураи мо андешаи раҳбар будан ва сарварӣ кардан бидуни назардошти маҳорату имконоти зеҳнӣ сахт ҷой шудааст. Аз сӯи дигар, бисёриҳо ҳатто афроди маъруфро эътироф намекунанд ва агар дар бораи нафаре, бигирем, дар бораи донишманд ё табиби шинохта суол кунанд, билофосила ҷавоб медиҳанд, “ӯ худаш кӣ аст? Аз қафои вай ҳеҷ кас нест!” Маҳз ҳамин парешонии тоҷикон аст, ки, ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, расонаҳои Русия онҳоро таҳқир мекунанд ва ба онҳо тӯҳмат мезананд, зеро шояд медонанд, ки “касе аз пушти онҳо намехезад”. Ба болои ин ҳама, мегӯяд ӯ, ҷангҳои байнихудӣ тоҷиконро дар назди ҷамоаи Русия бештар шармандаву хандахариш месозад. Дипломати тоҷик бо таассуф меафзояд, маҳалгароӣ ягона “дастовез”-ест, ки бештар тоҷикҳо бо худ ба Русия меоваранд.
XS
SM
MD
LG