Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеул барои амнияти шаҳрвандонаш ҳамаи тадбирҳоро меандешад


Ким Кван Йин
Ким Кван Йин
Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандонаш, ки ҳоло дар Каесонг-боғи муштараки саноатӣ дар қаламрави Кореяи Шимолӣ мондаанд, аз ҳамаи имконот, аз ҷумла аз “иқдомоти низомӣ” кор хоҳад гирифт. Ким Кван Йин-вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, Ҷануб нақшаи эҳтимолие таҳия кардааст, барои он ки рӯзи чаҳоршанбе Шимол иҷоза надодааст, то кормандони Ҷануб ба Каесонг дохил шаванд.

Сухангӯи вазорати ягонагии Ҷануб рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ба коргарон иҷоза додаанд, ки аз Каесонг ақиб ба Кореяи Ҷанубӣ баргарданд.

Сухангӯи вазорат ин тасмими Шимолро хеле таассуфовар арзёбӣ кард ва гуфт, нигаронии аслии ҷануб аз амнияти 800 нафар кормандонаш аст, ки дар Каесонг кор мекунанд.

Баъд аз анҷоми севвумин озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ ҳоло вазъ дар нимҷазираи Корея ташдид ёфтааст.
XS
SM
MD
LG