Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан»-и Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, пас аз ширкат дар ҷашнвораи байналмилалии театрии «CHELоВЕК театра» дар шаҳри Челябински Русия, ба ватан баргашт.

Ин намоишномаро, ки Нозим Меликов, коргардони Театри ҷавонон бар ашъори шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир таҳия кардааст, мавриди истиқболи гарми тамошогарон ва мунаққидони ҷашнвора қарор гирифт. Ин ҷашнвора рӯзҳои 24 то 31 март дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия баргузор шуд.

Намоишнома баёнгари дарди фироқ, дурӣ аз дӯстону наздикон ва ёдовари рӯзҳои гузаштаи шахсест, ки дар муҳоҷират қарор дорад.

Абдумӯъмин Шарифӣ, ки дар ин намоишнома нақши асосиро иҷро кардааст, ширкат дар ҷашнвораро барои муаррифии театр дар сатҳи минтақа ва арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ кард.

Вай гуфт, ҳарчанд намоишнома бо забони тоҷикӣ пешниҳод шуд, аммо дарки мазмуну мӯҳтавои асар барои тамошобинону меҳмонон мушкилӣ эҷод накард, балки хуш истиқбол шуд, "мухотабон ва мунақиддони театр мафтуни намоиши мо шуданд. То охири ҷашнвора назди мо меомаданду андеша ва меҳру муҳаббаташонро баён медоштанд. Мегуфтанд, «ин намоиш ҳеҷ ниёз ба тарҷума надорад. Зеро агар сухан аз дил бошад, ҳатман ба дил мерасад. Мо ба он ворид шудем ва ҳамдарди қаҳрамонҳо будем/"

Ҳамчунин ба таъкиди Шарифӣ, "ба кори коргардон, рассом ва мусиқӣ низ баҳои баланд дода шуд ва ҳатто як мунаққиди маскавӣ мегуфт, агар шеърҳои Бозор Собир ба забони русӣ тарҷума шуда бошад, ман аз Интернет пайдо карда мутолиа хоҳам кард.»

Зимнан, намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» соли 2011 рӯи саҳна омад ва ҳамон сол дар ҷашнвораи театрии «Парасту» сазовори ҷои дуюм шуд. Абдумӯъмини Шарифӣ, бозигари нақши асосӣ дар ин намоишнома ба дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» мушарраф гардид.

Ҷашнвораи «CHELоВЕК театра» шашумин ҷашнвораи байналмилалист, ки намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» ширкат кардааст.

Ин намоишнома қаблан дар ҷашнвораҳои байналмилалии «Наврӯз» дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қирғизистон, Молдова ва Русия иштирок карда, бо ҳафт диплому ҷоиза ва тандис қадрдонӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, тайи панҷ соли ахир Театри ҷавонон беш аз бист ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG