Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табаҳкории Толибон дар вилояти Фароҳи Афғонистон


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки тундравҳо дар наздикии бинои ҳукуматӣ дар ғарби ин кишвар бамеро мунфаҷир сохтаанд. Бам субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар назди бинои додгоҳи вилояти Фароҳ таркидааст. Баъд аз инфиҷор миёни нируҳои амниятии вилоят ва шӯришиён тирандозӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Бахши афғонии радиои Озодӣ гузориш додааст, ки ин таркишро 5 нафар шӯришиёни маргталаб анҷом додаанд. Юнус Расулӣ-муовини волии вилоят гуфтааст, дар ин инфиҷор биноҳои атроф зарар дидаанд.

Ба гуфтаи Расулӣ, нируҳоии амниятӣ дохили биноҳоро тафтиш кардаанд, то дар он ҷо шӯришиён паноҳ набурда бошанд.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ-сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки ин инфиҷорро Толибон анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG